Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Бо замона бисоз, ки ҳаррўза балост, мефаҳмӣ?
  • Сорбони Ҳомид на парвои замона дораду на аз балоҳояш. Солҳост, ки мо ўро мешиносем, вале боре ҳам надидаем, ки ба касе баҳри манфиат хушомад гуфта бошад. Ў чун алиф рост буд ва иншоолоҳ рост мемонад, чунин мардонро парастиш намудан лозим, - гуфт Нодира, ки солиёни дароз дар бахши шиносномадиҳӣ кор мекард Ҳарчанд суханони Нодирабону ба Ҷавод Нозим сардори бахши шиносномадиҳӣ хуш наомад, вале дигар баҳс ҳам накард. Ў донистан мехост, ки оё боре ҳам зердастонаш дар борааш чунин суханони нек мегуфта бошанд. Вай баъди суханони Нодира сари ин масъала хеле андеша кард. Дар чанд моҳи кораш даҳҳо маротиба аз болои зердастон ба Ҳамид Ҷовид шикоят намуданашро ба ёд оварда, дилаш фишурда шуд. Бубин Сорбони Ҳомидро, ки рўйирост омада гуноҳашро дар рўяш гуфт. Ҳамин аст нишонаи мардӣ, ки аз гуфтани сухани рост наметарсад ва ба хотири сухан шуда, аз касе ҳам тамаъ надорад…
    Ҷавод Нозим фаҳмид, ки ў ҳеҷ гоҳ чун Сорбони Ҳомид маҳбуби ҳамагон нахоҳад шуд…

Гар ғубори хотире аз дўстон бинӣ, маранҷ,
96 К-аз дуои душманон беҳтар бувад дашноми дўст.

  • Шояд акнун ба ман фаҳмонӣ, ки ин чист? - гўён Ҷамила он варақаи чорқат кардашударо аз сумкааш бароварда, ба рўйи меҳмон зад ва худ лаҷоми гиряро сар дода, ба тарафи ошхона рафт.
    Дороб Қамар сараввал чизеро нафаҳмида дар пешдолон лолу ҳайрон монд. Ў афсўс бар он хўрд, ки маҳз манзили Ҷамиларо баҳри хеш паноҳгоҳ интихоб намуд.
  • Шояд акнун ба ман фаҳмонӣ, ки ин чист? - ин акси садое аз дили пурғами ҷавонзан буд, ки ўро аз ҳолати лолу карахтӣ берун овард.
    Дороб Қамар хам шуда, он коғазро, ки дар пеши пояш буд, бардошт. Аввалин чизе, ки баъди кушодани он коғаз ба

96 Сухан аз Зебуннисо.

пешина
аз 527
навбатӣ