Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба фикрам, ҳамин масъаларо худи Дороб Қамар ҳам аз мо хубтар дарк намудааст, вагарна ў ҳеҷ гоҳ ба милиса намеомад. Рафту он нафаре, ки кушторро содир намудааст ва бо Дороб Қамар ҳисобашро баробар намудан хостааст, агар мақсаду мароми дигарро дунболгир набошад, мо бе ёрии худи эшон (Дороб Қамар) то вай баромаданамон ба гумон. Агар қотил он ҷисми сардро танҳо ба мақсади бехатарии худ тасодуфан ба ин минтақа партофта рафта бошад - чӣ? Дар он сурат моро пешниҳоди назарияҳои дигаре лозим аст.
Агар дар ин ҳодиса ҳам Ёсуман даст дошта бошад - чӣ?
Ташхиси тиббии судӣ дар хулосаи хеш оид ба марги Фарҳод Замир овардааст, ки шахси ба синаи мақтул зарбазада қувваи калони ҷисмониеро доро будааст. Аз ин бармеояд, ки дар марги Фарҳод Замир танҳо мард даст дорад, чунки зан дорои чунин қобилият нест, агар ӯ зани ниҳоят тануманду солим набошад, ё агар зан узви маҳфили варзишӣ ё варзишгар набошад…
“Ёсуман чӣ? - нидо омад аз қалбаш.
-Ёсуман хусусиятҳои дигареро дорост ва агар ўро носозгорие дар рўзгор нисбати Фарҳод Замир мешуд, дуюминро тақдири Мустафо Наим дар пеш буд.” Занги телефон садо доду Сорбони Ҳомид гўшакро бардошт.
-Бачаи боба, як ба идораи мо биё.
-Тинҷӣ ҳаст?

  • Биё, баъд ҳамаашро мефаҳмед, - гўён прокурор гўшакро ба ҷояш гузошт.
    Сорбони Ҳомид ба ошёнаи аввал фаромада, Ҳамид Ҷовидро аз даъвати ногаҳонии хеш ба прокуратура огоҳ намуд ва фикри вайро дар ин бора фаҳмидан хост.
  • Модоме ки худи Асад Ғанӣ даъват намудааст, чӣ ҳам гуфта метавонем?
    Баъди ним соат капитани милиса Сорбони Ҳомид ба дари дафтари кории сарназоратчии қонун ангушт зад…
    *** “Ба наздикӣ дар ҳамсоякўчаи мо.” Бо ба ёд овардани ҳамин сухан субҳи дигари вай оғоз шуд.
пешина
аз 527
навбатӣ