Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Аз чӣ?
- Аз он ки Дороб Қамар ихтиёран, мефаҳмед, ихтиёран ба гуноҳаш иқрор шудан омадааст.
- Аз рўйи шуниди банда бошад, ў баҳри бегуноҳии хешро собит намудан пой бар остонаи милиса гузоштааст.
-Ҳофиз манаму бародарам мехонад. Ана барои чӣ эҳтироми банда нисбати шумо, бачаи боба, зиёд аст. - Барои чӣ, агар махфӣ набошад?
- Барои он ки шумо ҷунбиши моҳиро дар зери об ҳис мекунед.
- Ё ҷунбиши кайкро дар пўстин?
- Ё ҳардуро, бигузор гуфти шумо шавад. Дарвоқеъ, банда шуморо, рафиқ капитан, баҳри он ҷеғ задам, ки сари ҳамин масъала маслиҳат намоем.
- Бо ман?
- Ҳа, бо шумо.
- Чаро бо ҷойнишину ёрдамчиҳоятон не?
- Ман бо кӣ маслиҳат намуданамро худам медонам, хоҳиш мекунам дар ин хусус ба банда роҳ нишон надиҳед!
- Шуморо гўш мекунам.
- Ман мехостам, ки шумо ҳамроҳи муфаттиши мо Фирдавси Ҳаким дар пурсиши Дороб Қамар якҷоя иштирок намоед.
- Агар худи муфаттиш зид набошад.
- Чаро ў зид мешудааст?
- Чунки вай дар қонун шахси мустақил аст.
- Ва ба андешаи шумо ҳамин чизро ман намедонам?
- Маро, ба фикрам, нафаҳмидед.
- Метавонед фикру андешаи хешро кушоду равшан баён намоед.
- Хоҳиш мекунам, ки бандаро бовар накунонед, ки байни шумо ва мо ихтилофе нест. Дар аксари мавридҳо худи ҷинояткорон аз ҳамин ихтилофот ба хубӣ истифода мебаранд ва ҳатто бурд ҳам мекунанд, зеро дар чунин мавридҳо дар ҳоле ки гузаронидани амалиёти якҷоя ҳатмист, мо баҳри нишон додани мақому манзалати хеш кӯрпаро дар танҳоӣ ба тарафи хеш мекашем.
- Боз чӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор