Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Аз нигоҳи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ бо гуноҳи хеш иқрор шуда, ба милиса омадани Дороб Қамар аз чашмбандие беш набуд, вале баҳри ниқобро аз рўйи командири собиқ гурўҳи "Сипар"
бардоштан осон набуд. Танҳо баъди вохўрӣ бо Дороб Қамар Сорбони Ҳомид ба хулосае омад, ки Асад Ғанӣ низ ба ягон сухани шахсе, ки талаби дидани вайро намудааст, бовар накардааст. Ана, барои чӣ банда ба вай лозим шуда будам. Ў донистан мехоҳад, ки оё нафари дигаре ҳаст, ки чун ман ба рўйи хеш ниқоб гирифтани Дороб Қамарро дарк намояд. Ба фикрам, дар ин ҷода баъди андешаҳои зиёде прокурор номзадии бандаро ба мақоми ҳамақидаи хеш қарор додааст.
Дороб Қамар барои собит намудани дараҷаи бегуноҳии хеш далелҳои зиёде дошт. Вай сафари ба Файзбор рафтани хешро инкор накард. Хушдил Одилро дар аз худ намудани пулҳои гумшудааш гунаҳкор кард ва ба гарав гирифтани фарзанди вайро, ки худ ҳамон шабу рўз дар Файзбор буд, аз тарафи ҳампешаи хеш Сайф Насим, ки сӣ фоизи маблағи гумшуда аз они вай буд, ба зимма гирифт ва гуфт, ки аз шунидани хабари мазкур ба ташвиш афтода, дар ҳоле ки ҳанўз дар бораи маблағи гумшуда хабаре ба даст наоварда буд, боз ба шаҳр баргашта, баҳри ба назди волидайнаш баргардонидани Шерзод саҳм гузошт. Ҳарчанд гуфт, ки тайи ду ҳафта дар хонаи Муъминова Ҷамила Холмуродовна панаҳ бурд ва аз он манзил лаҳзае берун нарафт ва ўро дар он манзил танҳо дугонаи Ҷамила Марҳабо, ки насабашро намедонад, як маротиба дидааст, ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид ба ягон суханаш бовар накард…
Баъди ба милиса омадану ба қавле милисаро аз роҳи нодуруст боздоштани ҷиянаш Шамси Солеҳ ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ мувозинатро дар паллаҳои тарозуи хаёлаш гум намуда буд ва имрўз баъди вохўрӣ бо тағояш Дороб Қамар ў эҳтимолияти боз ба ҳам рост омадани паллаҳои тарозуро ҳис намуд.
Рафтори ҷияну тағо мақоли халқии “Модар чигуна духтар намуна” - ро ба ёд меовард. “Хусусиятҳои ирсӣ дар авлоду аҷдод буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монд,” - аз дил гузаронд вай.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор