Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз рўйи шунидам ҳаргиз луқмаи тайёрро ба милисаҳо намедиҳад, вале ин ҷо бошад?
Ҳамааш гапҳои сафсатта будааст, вагарна чӣ лозим буд, ки худи муфаттиши прокуратура вай капитани кунҷковро бо худ биёрад. Аз он ки Хушдил Одил бандаро аз ниятҳои нопоки бардарарўсаш огоҳ намуд, ба хулосае омадан мумкин, ки ў то кунун аз ман метарсад. Чандин сол чун ғуломи ҳақабаргўш хизмати бандаро ба ҷо овард ва ба замми ҳама он латукӯб дар лаҳзаи охир боз ба ҳимояи ман дасту остин барзад.

  • Ба ҳимояи худат не, балки вай аз ҷони худаш тарсида, туро ба ҳамкорӣ хонд.
    Он рўз Дороб Қамар болои дивани мулоими Ҷамилабону истироҳат дошт. Ногоҳ он телефони эҳтиётие, ки ҳамагӣ се - чор нафар аз ҷумла Хушдил Одил ҳам рақамашро медонисту дар кадом ҳолат бо он зангзаданашро ҳам дар ҷайбаш ларзиш хурд. Чун вай телефонро ба даст гирифт, рақами муштарии ношиносро дид. Хост, телефонро хомӯш намояд, вале ба хотир овард, ки ба ҷуз чанд нафа ро намедонад. Ба ҳамин хотир ў тугмачаи қабули он дастгоҳи хурдро зер карда, гўш ба қимор шуд.
  • Шеф, хоҳиш мекунам, ки телефонро хомўш накунед.
    Хабаре дорам, ки он на танҳо ба манфиати банда, балки ба манфиати шумо ҳам ҳаст. Рафту овоз рӯшан накунед, худро дигар назди шумо қарздор намеҳисобам ва минбаъд ҳар чӣ ба саратон омад, аз худ бинед. Ба шумо як дақиқа вақт медиҳам, баъди ин ман худам ба алоқа нуқта хоҳам гузошт.
  • Шуморо гўш мекунам?
    -Собиқ қумандони мо ба шири модараш қасам ёд кардааст, ки шуморо дастгир намуда ба милиса месупорад.
    Дар ин ҷода ба ў Восит - бародари ҳамон нафар… ёрӣ додан мехоҳад. Ҳамчунин, ў аз ҷияни шумо ҳам ёрӣ пурсидааст.
    Рафту агар чорае наандешед…
  • Баъди расо як соат занг занед, ман фикри хешро баён хоҳам кард.
  • Хуб шудааст…
пешина
аз 527
навбатӣ