Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ному нишони гурўҳ чун номи он давлати абарқудрат кайҳо ба гӯшаи фаромушӣ рафтааст, вале онҳое, ки шомили чунин гурўҳҳо буданд, боқӣ мондаанд.
  • Капитани милиса Сорбони Ҳомид бар он ақида аст, ки Дороб Қамар дар куштори Фарҳод Замир ба таври ростхата ҳам набошад, ғайримустақим даст дорад.
  • Инро аввал собит намудан лозим.
  • Аз нуқтаи назари Сорбони Ҳомид худи Асад Ғанӣ ҳам ба бегуноҳии Дороб Қамар боварӣ надоштааст.
  • Рафти тафтишот ба ҳама ҳолатҳо баҳои хешро хоҳад дод. Дар ин ҷо гап дар дигар масъала мерафт.
  • Ҳа, суҳбати мо дар атрофи Ёсуман сурат гирифта буд.
  • Мо бояд ҳарчи тезтар он зане, ки баҳри ҳаштод ҳазор доллар нафареро ба куштан додаву хонаеро ба коми оташ ҳавола намудааст, ёбем, вагарна мухолифини мо имконияти пурраи анҷоми амалиётеро доранд, ки оғозаш аз дасти мост.
    Дар он сурат мо як умр аз асрори ба сари Мустафо Наим омада огоҳ нахоҳем гашт.
  • Чун шумо, рафиқ полковник, зидди ба мадди назари умум баровардани расми Ёсуман ҳастед, моро ба ҷуз ба қувваи дохилии хеш такя намудан чорае нест.
  • Ба мо Ёсумани зинда даркор на ҷисми сарди вай. Барои ҳамин тамоми аппарати ёрирсонро ба ин кор сафарбар намуданамон лозим меояд. Фаромўш насозед, ки қувваи мушт дар ангуштон аст ва чун мо ҳама аз як гиребон сар барорем қувваи бузурге рўйи саҳна меояд.

Ба наздикӣ дар ҳамсоякўчаи мо…
Бо ҳамин афсонаи талх субҳи ў оғоз ёфтаву бо ҳамин афсонаи талх ў пой ба остонаи мактаб мегузошт. Дишаб бошад, ў мижа таҳ накард. Викторинаи химиявӣ муносибати вайро бо нафаре, ки акнун дар қайди ҳаёт набуд, ба саҳнаи хотираш овард. Оғози саҳна бад набуд, агар Мустафо азми пулҳои ёфтшударо ба милиса бурдан намекард. Оғози саҳна бад набуд, агар ў навои дили хешро бо навои дили Мустафо ҷўр мекард, вале чун аксари элементҳои системаи даврии Менделеев ҳангоми ба реаксияи кимиёвӣ дохил шудан ин даъфа пул дар нисбати муҳаббат фаъолтар баромад.

пешина
аз 527
навбатӣ