Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Дар набуданам ҳеҷ кас. Вақте ки дар хона бошам, ёру дўстон, ҳаққу ҳамсояҳо гоҳ - гоҳ медароянд.
- Тайи рўзҳое, ки собиқ ҳамсояатон дар манзили шумо панаҳ мебурд, ягон нафар омад?
- Ҳа, як субҳ дугонаам Марҳабо омада буд.
- Насабаш?
- Зубайдова.
- Дар ҳолатҳое, ки шумо ба кор мерафтед, собиқ ҳамсояатон ба ягон ҷо рафта меомад.
- Не.
- Чӣ, шумо вайро поида мегаштед?
- Не, албатта, вале қулфи дари манзили банда ҳамагӣ як калид дорад ва он калид ҳам дар дасти ман аст.
- Бе калид дарро аз дохил кушодан мумкин аст?
- Аз дохил мумкин, вале аз берун не. Ман ҳеҷ нафаҳмида истодаам, ки чаро шумо чунин суолҳо медиҳед?
- Вақту соаташ ояд ҳамаашро мефаҳмед.
- Охир, меҳмони ман худаш ихтиёран ба милиса рафт, боз чӣ мехоҳед?
- Ҳақиқатро.
- Кадом ҳақиқатро?
- Ҳақиқати асилро.
- Гумон доред, ки ҳамин симкартаи ёфтшуда аз они вай аст?
- Ба андешаи шумо чӣ?
- Намедонам. Чизе гуфта наметавонем.
- Гуфта наметавонед ё балоро намедонед?
- Ё ҳар ду. Вай гуноҳе надорад.
- Далел?
- Ў тайи чандин сол бехатарии давлатро дар хориҷи кишвар ҳифз намудааст. Магар чунин шахс метавонад, ки ба ҷиноят даст занад?
- Инро кӣ ба шумо гуфт?
- Худаш.
- Вай ҳар чӣ хостааст гуфтааст, шумо бошед, бовар намудед?
- Ҳа, бовар кардам, чунки вай ҷавонмард аст ва мо замоне ҳамсоя будем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор