Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Тайи ҳамин муддати кўтоҳ мўйсафед тавонист, ки Муъминоваро ба ноҳияи Рашт фиристад. Ба ў муяссар шуд, ки бо баҳонаи суҳбати хоса бо Муъминова симкорти гирифташударо дубора ба саҳифаи 218- и китоби "Ҷанг ва сулҳ" - и Толстой гузорад.
- Эй, мўйсафед, мўйсафед, бе ту мо чӣ кор меқариб ки шунаво гуфт ў ва тамокуи кайҳо сўхта тамомшударо ба хокистардони мармарин партофт.
Акнун ҳамааш аз вақт вобаста буд.
Асад Ғанӣ тариқи телефони дохилӣ муфаттиш Фирдавси Ҳакимро ба наздаш хонд. Соате пештар ў оид ба озод намудани Дороб Қамар бо Фирдавси Ҳаким хеле баҳс намуд.
Чун муфаттиш баҳри озод намудани Дороб Қамар розӣ нашуд, прокурор ҳамаи ҷавобгариро ба зиммаи хеш гирифт.
Акнун ўро лозим буд, ки бори дигар ба он маводе, ки муфаттиш дар даст дошт, шинос шавад.
Касе ба дар ангушт зад ва Асад Ғанӣ аз байни андешаҳои хеш берун омада гулў рӯшан кард.
Фирдавси Ҳаким вориди дафтари корӣ гардида, интизори амр шуд. - Марҳамат, гузашта шинед. Моро лозим аст, ки боз як маротиба ҳамаи он ҳуҷҷатҳое, ки дар алоқамандӣ бо Дороб Қамар қарор доранд, санҷида бароем…
Баробари аз бинои милиса баромадан Дороб Қамар лаҳзае истод. Ба фасли хазонрез нигоҳ накарда, ба машомаш бўйи хуше расид, бўйе, ки тайи як шабонарўзи дар маҳбас буданаш шамидани онро орзу мекард.
Бўйи озодӣ!
- Шумо озод, - гуфтани прокурор дар гўшаш чун мусиқии ҷаззобе садо медоду садо…
“Рафту омадед, калидро аз хонаи ҳамсоя мегиред. Фақат ин даъфа номатонро рост гўед,” - ба ёд овард ў суханони Ҷамиларо. Аслан, ўро дар он хона боз коре ҳам буд.
Дороб Қамар рўйи роҳ баромада, таксиеро боздошта гуфт: - То кўчаи Парвин.
- Марҳамат, шинед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор