Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Лаҳзае пас Дороб Қамар вориди хонае шуд, ки як шабонарўз боз дар дохилаш набуд. Сипас, дарро аз дарун маҳкам карда, ба меҳмонхона гузашт. Чун дар хона тағйироте набуд, ў аз ҷевон китоби "Ҷанг ва сулҳ" - ро гирифта саҳфаи 218 - ро кушод.
- Маълум ки ақли милиса ба ин корҳо намегирад ва банда беҳуда ташвиш шуда, телефонро ба дасти усто додам. Сипас, симкортро ба телефон ҷо ба ҷо намуда, рақами Сайф Насимро гирифта, гўш ба қимор шуд.
- Шуморо гўш мекунам, шеф.
- Чӣ гапу хабарҳои нав?
- Ҳама тинҷӣ, шеф.
- Тинҷӣ мегўй?
- Ҳа, тинҷӣ.
- Бало тинҷист!
- Магар ягон гап шуд?
- Ман як шабонарўз дар паси панҷара будам, ту бошӣ мегўй, ки тинҷист.
- Охир мо ба кўча баромада натавонем, аз куҷо донем, ки дар дунё чӣ гапу хабар? Чӣ, шумо дар милиса будед?
- Ҳа, дар милиса, ё шумо хаёл кардед, ки курорт ҳам панҷара дорад?
- О, шумо гуфтед, ки касе дар он манзил буданатонро намедонад, пас чӣ тавр милиса?
- Беҳтарин воситаи мудофиа чист?
- Ҳуҷум. Наход шумо худ ба милиса рафтед?
- Тактика ва стратегияи "ҷанг" ҳаминро тақозо мекард.
- Шуморо фаҳмидам, шеф...
- Ҳоло вай дар куҷост?
- Хушдил?
- Не, вай ёрдамчии худат?
- Соате пештар ба разведка баромад.
- Боз нашавад, ки...
- Агар вайро дар кўча шумо ҳам бинед, намешиносед.
- Чӣ хел?
- Мўйи сари сунъӣ ва мўйлаб шаклу шамоили вайро дигар намудааст.
- Дар иҷрои амалиёт ҳам бо грим рафта буд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор