Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Дар ҳоле ки сарвари ШКД аз шикасти амалиёт сару калобаашро гум намуда буд, сардори бахши дуюми милиса сержанти милиса Алӣ Сафо ба дафтари кории Ҳамид Ҷовид ангушт зад.
- Марҳамат, дар кушода!
- Рафиқ полковник...
- Хуш, чӣ хабар?
- Ҳамааш дар ҳамин ҷо, - гўён сержанти милиса Алӣ Сафо боз чанд қадам ба тарафи мизи кории Ҳамид Ҷовид гузошта, коғазҳои дар дасташ бударо ба дасти сардор дод.
- Марҳамат шинед, - ба тарафи сержант ишора намуда гуфт Ҳамид Ҷовид ва худ ба мутоилаи коғазҳои овардаи сержант пардохт...
Соати 11.18 дақиқа объекте, ки аз квадрати чоруми маҳаллаи шаступанҷум аз хизмати телефон - автомат истифода бурдааст, ба телефони рақами 22 44 6...алоқа барқарор намудааст. - Оҳ-ҳо ин рақам шинос менамояд, - гуфт Ҳамид Ҷовид ва лаҳзае ба андеша рафт...
Сипас аз ғалладони мизи кориаш дафтарчаашро, ки аслан рақами телефонҳоро менавишт, бароварда, варақгардон намуд. - 22- 44 6... Хушдил Одил, - бо овози нимшунаво гуфт ў ва ба тарафи сержант рў оварда гуфт: - Ҳарчи тезтар матни гуфтугўи объектро бо ҳамин рақам дастрас намоед!
- Хуб шудааст рафиқ полковник! - гўён сержант Алӣ Сафо аз дар баромад.
Баъди бист дақиқа сержант матни гуфтугӯи телефони ки таваҷҷуҳи сарвари милисаро бедор намуда буд, гирифта баргашт:
“Салом! - Салом.”
- Вохўрдан лозим.
- Шуморо нашинохтам.
- Ман он нафаре ҳастам, ки шумо тариқи телефон...
- Акнун фаҳмидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор