Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Марҳамат, ба худаш занг занед.
- Бо кадом рақам?
- Бо ҳамон телефони эҳтиётӣ. Он кас гуфтанд, ки шумо рақамашро медонед.
- Шумо чӣ?
- Ман намедонам.
- Бовар намекунам.
- Ихтиёратон.
- Баъди он ҳодисаҳо ман бояд алоқаро аз шумо мекандам.
- Ба фикрам, туро касе ба ҳамкорӣ даъват накарда буд, ё гапам нодуруст?
- Не, дуруст.
- Ба ҷуз он ки ҳаштод ҳазор долларро ба дори фанно додед, боз хизмати киллерро низ ба души мо бор кардан мехоҳед.
- Фақат ба души худат не.
- Намедонам, шеф чӣ тавр бо шумо тоқат намудааст.
- Шуморо намедонам, вале банда ягон вақт ба вай хиёнат накардаам.
- Чӣ, ман рафта ба милиса ариза навиштам?
- Ман ба милиса ҳам нарафтаам, ариза ҳам нанавиштаам.
- Пас дар ин кор ҳам мо гунаҳкорем?
- То андозае.
- Хуш, бигўед, ки гуноҳи мо дар чист?
- Дар он ки шумо ба суханони банда бовар накардед. Ба ҷуз он ки маро то дами марг латукӯб намудед, боз Шерзодро аз боғча рабудед, бехабар аз он ки аз боғча ба милиса телефон мекунанд. Вале ман наомадаам, ки шумо коҳи кўҳнаро бод намоед. Ҳар чӣ буд, гузашт. Агар шумо баҳри гирифтани маблағ омада бошед, ман аллакай сухани хешро гуфтам.
Акнун ихтиёратон... - Чӣ хел ихтиёрамон?
- Метавонед ин даъфа шумо аз болои ман ба милиса муроҷиат намоед.
- Набошад, ба худи шеф занг зада, ҳамин гапҳоро гўед.
- Ин тарафи масъаларо ба шеф ман худам ҳал мекунам, вале шумо ҳам аз ёд набароред, ки дигар бо ман шӯхӣ кардан нашояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор