Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

“Ман хунук хӯрдам, мефаҳмӣ?

  • Хунук хӯрдию кӯрпаро аз болоят дур афкандӣ.
  • Ту ҷисми урёни бандаро ҳам тамошо кардӣ?
  • Чашм дарёст. Афсўс ки ман рассом нестам, вагарна тасвири ҳамон лаҳзаинаи туро мекашидам.
  • Ҳамин хел урён?
  • Бале.
  • Вой ман мурам, ин чӣ бешармӣ...” Бо ҳамин фикру хаёлҳои ширин хоб ғалаба кард...

Дафтари кории полковники милиса Ҳамид Ҷовид имшаб штаби фронтро мемонд. Ў ҳамчун сардори штаб тамоми шаб маълумотҳои ба марказ дохилшударо мавриди санҷиш қарор дода, баҳри мукаммалтар намудани онҳо дархосту супоришҳо медод. Тайи ин муддат гурўҳи дуюм хабар дод, дар ҳуҷрае, ки Сайф Насим дар маҳаллаи шаступанҷум панаҳ мебарад, боз як нафари дигар ҳам ҳаст. Аз рўйи нишонаҳои зоҳириаш маҳз ҳамин шахс таваҷҷуҳи кормандони милисаро бедор намуд.
Бинобар гузориши сарвари гурўҳи дуюм лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шариф шахси дар як ҳуҷра ҳамроҳи Сайф Насим буда, симои зоҳирии хешро тариқи макияж дигаргун сохта, ба сайри шаҳр баромада буд. Чун хабари мазкур намуди эҳтимолӣ дошт, бо супориши сарвари ШКД Ҳамид Ҷовид ва ёрии бевоситаи кормандони ШКД аз бинои муқобил тариқи назорат муайян карда шуд, ки ҳамроҳи Сайф Насим дар як ҳуҷра нафаре зиндагӣ дорад, ки мўйи сараш паст тарошидашуда ва бе мўйлаб аст, ҳол он ки гурўҳи Абдурашиди Шариф ўро ҳангоми воридшавӣ ба ҳуҷраи Сайф Насим бо мўйлаб ва мўйи сари баланд дида буданд...
Дар ин муддат нафаре аз телефон-автомати назди бозор бо телефони рақами 918-26-54... алоқа барқарор намуда, аз болои шогирде ба устод шикоят намуд.
Ҳангоми санҷиши овоз муайян карда шуд, ки зангзананда ҳамон нафарест, ки овози ў дар "Хаймаи Хайём" сабт шуд.
Чун дар суҳбати хосаи дар "Хаймаи Хайём" байни объекти дар зери васигии гурўҳи дуюм буда ва зангзанандаи кунунӣ чунин ҷумлаҳо:

пешина
аз 527
навбатӣ