Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ҳа, ҳаволаашон ба Худо.
  • Кошки онҳо ин некиҳои шуморо мефаҳмиданд.
  • Дили ҳар касро Худо медонад...
  • Дигар бо шумо баҳс намекунам, - гўён Сорбони Ҳомид аз ғалладони мизи кориаш диктофони хурдакакеро бароварда, болои миз гузошта, тугмачаашро зер намуд...
    "- Рафту лозим шуда монед, ман шуморо чӣ хел ёбам?
  • Ба Худо саҷда кунед, ки ман дигар ба шумо лозим нашавам.
  • Акнун фаҳмидам..."
    Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ҳамоно диктофонро хомўш намуда, ба тарафи мусоҳибаш нигарист.
    "Ин ҳанўз маънии гунаҳкор будани шуморо надорад, аз натиҷаи суханони хеш андеша намоед, - нидо омад аз замираш. Нидое, ки онро инкор намудан ғайриимкон буд."
    Бинобар ин, гуфт:
    -Ҳарчи ҳам набошад, ман бо Дороб Қамар солиёни зиёде шинос будам, нону намаки ҳамдигарро хӯрдаем тавре ки гуфтам, дигар нисбати ў даъвое надорам.
  • Яъне, ки ҳамин гуфтугўи дирўза аввалину охирин суҳбати телефонии шумо буд, ё бо эшон пеш аз ин ҳам тариқи телефон суҳбат доштед ва агар доштед мавзуи он суҳбатҳо чӣ буд?
  • Пеш аз ин дигар суҳбате надоштам.
  • Мо метавонем ба суханонатон бовар намоем?
  • Албатта.
  • Ва ин сухани шумо мардона аст?
  • Чӣ хеле ки мегўянд, сухани мард якто. Чӣ заруриятест, ки банда шуморо фиреб диҳам.
  • Вале ман гумон мекунам, ки шумо бандаро нияти фиреб намудан доред.
  • Ин хел нагўед, бародар. Чӣ тавр метавонам ман шуморо, ки аввалин шуда ба мо дасти ёрӣ дароз намудан хостед, фиреб диҳам?
  • Ман ҳам намедонам, вале чунин андешаҳои ботил дар майнам давр зада истодаанд, - гўён Сорбони Ҳомид тугмачаи дигари диктофонро зер намуд ва лента бо суръати баланд ба қафо тоб хўрд.
пешина
аз 527
навбатӣ