Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Дар маҳфил бо даъвати муфаттиши прокуратура ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид низ иштирок кард.
- Фаҳмидан мехостем бо амри кӣ шумо дар "Хаймаи Хайём" Хушдил Одилро истинтоқ намудед?
- Ман ҳамаашро ба шумо гуфта додам. Ман ҳамон пули гумшударо талаб намудам.
- Бисёр хуб, - гўён бо ишораи муфаттиш капитани милиса тугмачаи диктофонро пахш намуд.
"То даме ки вай аз кишвар баромада наравад, мо худро аз хатар эмин дошта наметавонем". - Ҳамин сухани шумост?
- Бале.
- Кӣ бояд аз кишвар баромада мерафт?
... - Шумо бо хомўшии хеш вазъи бе ин ҳам бади худро мураккабтар месозед,- гўён Сорбони Ҳомид тугмачаи диктофонро зер намуд.
"Ба ҷуз оне ки ҳаштод ҳазор долларро ба боди фано додед, боз хизмати киллерро ҳам ба души мо бор кардан мехоҳед?" - Хуш киллер кист?
- Чӣ гўям?
- Росташро.
- Аз рост гуфтан ба ман чӣ фоида?
- Қариб ки ҳеҷ, вале ҳангоми тартиб додани фикри айбдорӣ мо ба тафтишот ҳамкорӣ намудани шуморо чун ҳолати сабуккунандаи кор ба қалам медиҳем ва ҳамин масъаларо суд ҳангоми баррасии парвандаи ҷиноятӣ ба инобат мегирад.
- Агар банда бо шумо ҳамкорӣ кардан нахоҳам - чӣ?
- Дар он сурат мо гуноҳи шуморо бо далелҳои шайъӣ дайн намуда, ҳамаи инро чун ҳолати вазнинкунандаи кор арзёбӣ хоҳем намуд, - гуфт муфаттиш Фирдавси Ҳаким.
- Барои дайн намудани гуноҳи мо шумо далелҳо ҳам доред?
- Албатта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор