Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

“Худоё акнун чӣ мешавад?
- Қиёмат мешавад? Қиёмат! - нидо омад аз замираш.
- Рафту расми банда барояд, дар ҳақиқат қиёмат мешавад!
- Чӣ бояд кард?
- Раву расми хеш бигир.
- Магар рўзноманигор розӣ мешуда бошад?
- Албатта, розӣ мешавад. Хайр худат дар чунин мавридҳо медонӣ чӣ хел амал намоӣ?
- Чашмони фаттони ту он қадар сеҳрноканд, ки морро аз хонааш мебарорӣ, - гуфта буд Мустафо ҳангоми сафар ба Файзбор.
- Чаро ин хел мегўед? - эътироз намуд он рӯз ӯ.
- Бубин он ҷавон чашмашро аз рўйи ту кандан наметавонад, - гуфт Мустафо ба тарафи ҷавони деҳотие, ки чашм ба сўйи маҳбубааш дӯхта буд, ишора намуда…” Ёсуман аҳволи он ҷавонро дида дилаш бар ҳоли ў сўхт ва агар бозии қисмат дили ўро бо дили Мустафо ҳамоҳанг намекард, шояд баъди чунин нигоҳ ў навои дили хешро бо навои дили он ҷавон ҷўр мекард...
“Ана, боз кӣ ўро мешиносад? Агар рўзномаи "Ҷавонон" ба дасти вай бирасад. Баъди ин шўҳрати ўро дар ниҳоди он ҷавон ҳисоб нест... - Шўҳрат мехоҳӣ?
- Албатта.
- Дар вазъе, ки худат қарор дорӣ, андеша намо.
- Чаро?
- Он акси ту мавриди гуфтугўи мардум қарор хоҳад гирифт.
- Хайр чӣ?
- Дар кўчаи Сурхоб ҳам туро чанд нафаре бо Мустафо дида буданд.
- Магар ишқварзӣ гуноҳ аст?
- Гуноҳ нест, вале дар ҳоле худат қарор дорӣ, сабзаро пасттар чаридан беҳтар аст, вагарна...
- Вагарна чӣ?
- Вагарна ба даҳони мурда калима меандозӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор