Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба рағми ҳамаи рўзҳои баъди викторинаи химиявӣ сипаришуда имрўз зиндагӣ дар ҳаёти муаллима тобишу таровати дигареро ба бор овард. Ў бори аввал дарк намуд, ки меҳнати ҳалол чист. Агар чунин намебуд, ҳаргиз директори мактаб ба он рўзноманигори суратгир вайро муаррифӣ намекард.
Рўзноманигор гуфт, ки роҳбарияти мактаб аз кори ў розиянд. Модоме ки чунин аст, пас онҳо кори бандаро қадр мекунанд. Рўзноманигор ваъда дод, ки ҳамин ҳафта ўро ҳамагон хоҳанд шинохт.

  • Баъди чопи расм банда ҳатман аз пайи харидани мошини зебое хоҳам шуд. Бигузор дигарон бубинанду ҳасад баранд. Баъди ин, албатта, харидоронам ҳам пайдо мешудагистанд. Оҳ, кош он расм ҳарчи тезтар саҳфаи рўзномаи "Ҷавонон" - ро зеб медод. Ҳа, воқеъан, он рўзноманигор таъкид намуд, ки аҷаб не банда "Бонуи сол"
    нашавам. Ба ростӣ, худам ҳам чунинашро интизор набудам, вале мавҷи андешаҳояш боз "Ба наздикӣ дар ҳамсоякўчаи мо…", - гуфтани Бибнорои Аҳмадро ба ёд оварда вуҷудаш ларзид.
    “Рафту расми туро дида мардум ба ёд биёранд, ки худатро ҳамроҳи Мустафо дида буданд, - шунид ў овози қалбашро.
  • Чаро не. Охир худи Мустафо гуфт, ки Ёсуман, ана ҳамон зан - дугонаи Гулноз аст, номаш Озода.
  • Озода ҳам ҷавон буд ва аҷаб нест, ки рўзномаи "Ҷавонон" - ро хонад. Дар он сурат хонам сўхт гуфтан гир.” Ёсуман худро лаҳзае ба ҷойи Озода тасаввур намуд.
    Баъди дидани он расм ў ҳамон рўзнома гирифту ба назди Гулноз шитобид ва он акси болои коғаз бударо чунон муаррифӣ намуд, ки...
  • Чаро ман ба гирифтани аксам розӣ шудам? Шўҳрат хостам? Акнун чӣ мешавад?
    Ёсуман, ки нияти дарс тайёр намудан дошт, дар гирдоби андешаҳои ботил монд.
пешина
аз 527
навбатӣ