Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Набошад, агар шумо розӣ бошед, мо тариқи рўзнома қиблагоҳатонро ба адлу инсоф даъват мекунем.
  • Илтимос, ин корро накунед ва боз ҳам хоҳиш мекунам, ки расми маро худи ҳозир баргардонида диҳед.
  • Агар надиҳем - чӣ?
  • Ба ҳоли мани муштипар раҳм кунед, акаҷон. Ба ҳоли модари зорам раҳм намоед. Наход барои як расм шуда бандаро ба коми оташ партоед?
  • Ҳамин чизро пештар андеша кардан лозим буд.
  • Шумо чиро дар назар доред?
  • Шумо чӣ?
  • Ман?
  • Ҳа, шумо.
  • Ба ростӣ, ман ягон чизро намефаҳмам. Шояд фикратонро аниқтар баён намоед.
  • Мехостам субҳи рўзи 23-юми сентябрро ба ёд биёред...
    “Худоё, наход касе бандаро дар он субҳ дида бошад?”- аз дил гузаронид Ёсуман ва гуфт: - Ба ёд оварда наметавонам.
  • Чунин як рўзи таърихиро?
  • Ба фикрам, дар тақвим чунин рўзи таърихӣ нест.
  • Ин ҷо гап дар тақвим намеравад.
  • Набошад, гап дар чист?
  • Гап дар тақвими шахсии шумост. Охир он субҳ бароятон фаромўшнопазир буд, ё гапам нодуруст?
  • Намедонам, чунки ҳеҷ мақсаду мароми шуморо нафаҳмидам.
  • Ҳамаашро нағз фаҳмидед.
  • Чиро фаҳмидам?
  • Ҳамаашро, аз ҷумла чӣ тавр соҳиби ҳаштод ҳазор доллар шуданатонро.
  • Шумо чиҳо гуфта истодаед! Дар куҷост он ҳаштод ҳазор доллар? Туҳмат ҳам ба эбаш будагист.
  • Агар туҳмат бошад, метавонед аз болои мо ба мақомоти дахлдори тафтишотӣ шикоят намоед.
  • Агар шумо бандаро ҳамин хел шантаж намудан гиред, шикоят ҳам мекунам.
пешина
аз 527
навбатӣ