Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Акнун ман худи ҳозир ба милиса занг зада шуморо ба дасти онҳо месупорам, - гўён "сармуҳаррир" гўшаки телефонро бардошт...
- Истед!
- Хуш, ба ёд овардед, ки субҳи рўзи 23 - юми сентябр дар куҷо будед?
- Ҳа, акнун ба ёдам омад.
- Ман шуморо гўш мекунам.
- Ба фикрам, ҳамон субҳ ман аз Файзбор ба шаҳр омадам.
- Танҳо?
- Ҳамроҳи ронандаи таксӣ.
- Ному насабаш?
- Рафту худи шумо ба таксӣ нишинед, ному насаби ронандаро мепурсед?
- Яъне, ки ному насаби ронандаи таксиро намедонед?
- Намедонам.
- Дар роҳ ягон ҳодисаро дидед?
- Чӣ хел ҳодиса?
- Ҳодисаи табиӣ, аз қабили заминҷунбӣ, обхезӣ, гирдбод...
- Ҳа, акнун ба ёдам омад.
- Ман шуморо гўш мекунам.
- Дар роҳ аз Файзбор боло мо қариб ба зери сангчарх монда будем.
- Мо ҳам дар бораи ҳамон сангчарх бештар донистан мехостем.
- Аниқтараш чиро донистан мехостед?
- Мо сари ҳамон ҳодисаи сангчарх тадқиқоти журналистӣ бурда истодаем. Бояд арз намоям, ки рафту моро дастоварде насиб гардад, онро ба мақомоти тафтишотӣ намесупорем, агар...
- Агар чӣ?
- Агар оне ки ба ин ҳодиса ба таври ростхата ё худ ғайримустақим шарик аст, бо мо ҳамкорӣ намояд.
- Тарзе сухан меронед, ки гўё бандаро огоҳ намуда истодаед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор