Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Он пулро ман бо чашми сар надидаам.
  • Дипломатро чӣ?
  • Ҳа, акнун ба ёд овардам. Вақте ки ронанда аз мавзеи сангчарх ба тарафи ман омад, як дипломати сиёҳ дар дасташ буд, вале банда гумон намудаам, ки он дипломати худаш аст ва дар дохилаш маводи ёрии таъҷилӣ дорад. Дар дохили он дипломат чӣ буд, ман намедонам ва акнун фаҳмида истодаам, ки чаро он ронанда дипломатро ба бордони таксӣ гузошт.
  • Яъне, ки шумо он пулро надидед?
  • Гуфтам ва боз мегўям, ки надидам.
  • Акнун бодиққат гўш бикуну андеша намо!
  • Андешаи чӣ?
  • Андешаи он ки бо ҳамин пофишориҳои хеш ба сари худ бало оварданат мумкин. Тадқиқоти журналистии мо аз санҷишҳои тафтишотӣ монданӣ надорад. Акнун банда маҷбур мешавам шуморо ба асли воқеа огоҳ намоям, дурусттараш чашми шуморо кушоям.
    Ҳамагӣ панҷ дақиқа пеш аз ҳодисаи сангчарх писарбачае, ки аз хона фирор намуда будааст, дар роҳ даст бардошта, ҳамон мошини дар зери сангчарх мондаро нигоҳ доштан хостааст. Рафту мошини роҳгузар лаҳзае таваққуф мекард...
  • Хайр, худатон мефаҳмед.
  • Чиро?
  • Он чиро ки агар мошин лаҳзае таваққуф мекард, шуморо аз он ҳаштод ҳазор доллар маҳрум месохт, вале чӣ хеле ки мегўянд, тадбир ба тақдири Худованд намонад.
    Маҳз ҳамин писарбачаи фирорӣ шоҳиди ҳама кашмакашиҳои шумо шуд.
  • Ин бофтаи хаёлоти шумост...
  • Ҳаргиз ин хел нест. Чун он мошин дар гардиши кўҳи Дударгӣ тоб хўрдааст, писарбача аз самти муқобил рӯшноии дигареро дидааст ва боз садои лағжиши кўҳеро шунидааст. Мошини аз самти муқобил омада чароғҳояшро хомўш намудааст. Баъди даҳ ё шояд дувоздаҳ дақиқа ҳамон писарбача ба мавзеи сангчарх расидааст ва як марду як занро дидааст, ки як дипломати сиёҳ дар даст аз самти поёни дара ба рўйи роҳ мебаромаданд.
пешина
аз 527
навбатӣ