Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Мошин рақамаш чанд буд?
- Аз куҷо донам.
- 94 - 61. Шояд давомашро аз забони шумо шунавем.
- Беҳтараш ман гўш кунам.
- Писарбачаи фирорӣ аз тарс паси харсанге пинҳон шудааст. Он ду нафар бо дипломат дар таксӣ нишаста рафтанд. Писарбача симои ҳарду нафари ба ёрии Сайёд Ватан шитофтаро ба ёд гирифтааст ва ба ин ҷо омадани шумо низ маҳсули хотироти мусаффои ҳамон бача аст. Ба ростӣ, шумо ҳам зўр.
- Чиро дар назар доред?
- Чӣ тавр шумо он ронандаи бечораро, ҳамоне, ки тири муҳаббатро дар қалбаш ҷой дода будед, ба коми оташ ҳаво додед, вале тиратон хок хўрд. Тири каҷ ҳамеша боиси расвоии тирандоз аст. Ҳамин ҳолатро шумо ба инобат нагирифта будед. Ташхиси тиббӣ ва криминалистӣ муайян намуданд, ки Мустафо Наим (ронандаи такси) тариқи доруи хоб беҳуш карда шудааст… Сўхтор бошад, тариқи ба чароғаки барқӣ, печонидани латтае, ки дар спирти этил олуда шуда будааст, рух додааст. Ба таври дигар гўем, сўхтор барқасдона ба амал оварда шудааст, то кушторро инкор намояд. Ҳамаи инро танҳо сабаб як аст ва он сабабро ҳам ба ҷуз худи шумо касе намедонад.
- Ман ҳеҷ чизро намедонам ва сафсатаи шуморо ҳам гўш кардан намехоҳам, - гўён Ёсумани Мансур аз ҷой бархест...
- Ман шуморо огоҳ намудам, боз нашаваду...
Ёсуман дари дафтари кории “сармуҳаррир” - ро бо зарбае пўшида, ба тарафи баромадгоҳ ҳаракат намуд.
Дар зинапояҳои пеши бинои “Қасри ҷавонон” ду милиса байни ҳам суҳбат доштанд. Ёсуман онҳоро дида, хост ба қафо баргардад, вале роҳи дигари баромадгоҳ аз он бинои пурҳашамат набуд. Шом фаро мерасид ва Ёсуман низ шитоб дошт, то он дипломати пулро аз таҳхонаи бино гирифта, ба ягон ҷойи дурусттар пинҳон созад. Ба саломи духтар ҳарду милиса посух гуфтанд ва ўро бо нигоҳи хеш гусел намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор