Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди ба таксӣ нишастани ҷавонзан ҳарду милиса тариқи мухобира ба онҳое, ки дар назди хонаи Ёсуман ўро интизорӣ доштанд, аз омаданаш хабар доданд ва худ низ ҳамроҳи "сармуҳаррир" ва "рўзноманигори суратгир", ки аз бино баромада буданд, ба мошини ГАЗ-31 нишаста, ба тарафи кўчаи Анзоб ҳаракат намуданд…
Посе аз шаб гузашта буд, ки Ёсумани Мансур чароғи ҳуҷраи хобашро хомўш кард. Баъди ним соат ў ба таҳхона фаромад ва пас аз даҳ дақиқаи дигар дипломате дар даст аз бино берун шуда, ба тарафи истгоҳ ҳаракат намуд.
Таксиеро боздошт, вале такси суръаташро паст накарда гузашта рафт. Таксии дигар ҳам. Ҷавонзан аз ноомади кораш безобита шуд ва чун рӯшноии дигареро аз дур дид, боз даст бардошт.

  • То кўчаи Анзоб, - дарро кушода гуфт вай.
  • Даҳ сомонӣ.
  • Инсоф намоед.
  • Нуҳ сомонӣ.
  • Ҳиммататон ҳамин як сомонӣ шуд?
  • Нахоҳед, ихтиёратон, - гўён ронанда дарро пўшид.
    Мошини дигаре аз мошини аввала гузашта истод.
    Ҷавонзан ба он тараф ҳаракат намуд ва дарро кушода гуфт.
  • То кўчаи Анзоб.
  • Марҳамат шинед!
    Ёсуман ба мошин нишаст. Паҳлуи ронанда. Дар ҳамин асно боз мошини дигаре омада, паҳлуи он мошин истод.
  • Чаро истодаем?
  • Ҳозир меравем, - гуфт ронанда ва муҳаррикро ба кор андохт. Сипас ў мошинро ба қафо бурд ва паҳлуи мошини аввала рост намуда, муҳаррикро хомўш кард.
    Ёсуман хост аз мошин фарояд, вале дар кушода нашуд.
  • Чаро истодаем!? - дод зад ў ба сари ронанда.
  • Нашинохтед? - чароғаки дохили салонро фурўзон намуда гуфт ронанда ва кулоҳи то ба ин дам болои чашмон хамидаро аз сар гирифт.
  • Ин шумо?
  • Бале, ин ман ҳамон "рўзноманигори суратгир," - бо табассум гуфт ронанда.
  • Маро сар диҳед, набошад милисаро ҷеғ мезанам.
  • Ташвиш накашед, онҳо аллакай ин ҷо, - гуфт ронанда ва сигналро пахш намуд.
    Мисли занбурӯғи баъди борон нафарони зиёде дар либоси низомӣ мошини "рўзноманигори суратгир"
    Абдурашиди Шарифро ба иҳота гирифтанд...
  • Истгоҳи охирин…
  • Чӣ? - дар ғазаб шуда гуфт Ёсуман он дипломати сиёҳро болои зонувонаш зер карда истода.
  • Марҳамат, карда фароед, истгоҳи охирин, - дуюмбора гулӯ рӯшан намуд ронанда.
    Дар ҳузури холисон, дар рӯшноии нафаре аз мошин фаромадани Ёсумани Мансурро ба навор гирифт ва он дипломати сеҳрангезро кушоданд. Баъди ҳисоб маълум гашт, ки дар дохили дипломат ҳафтоду нўҳ ҳазору дусаду бисту ҳашт доллари амрикоӣ боқӣ мондааст.
    Дар бораи гум намудани ҳафтсаду ҳаштоду ду доллари дигар соате пас Ёсуман дар назди муфаттиши прокуратура "ҳисобот" навишт, вале то он лаҳза ҳанӯз вақт буд…
    Ҳоло бошад, дар кўча баъди ҳисобу китоб ва имзои холисон Ёсумани боздоштшударо дар содир намудани як қатор ҷиноятҳо, аз қабили одамкушӣ гумонбар дониста, ба дастонаш завлона заданд...
    Ёсуман дар он ҷо "сармуҳаррир" - ро дид, ки ба амалиёт роҳбарӣ мекард ва оҳе аз дили пурдард бароварда, нигоҳашро ба замин дўхт…
    Ҳангоме ки мошинҳо торикии шабро бо рӯшноии хеш дарида, пеш мерафтанд, муаллима боз ҳамон суханони чанд соат пештар гуфтаи "сармуҳаррир" "тири каҷ боиси расвоии тирандоз аст" - ро ба ёд оварда, рўзгори ояндаи хешро дар зулмот дид...
пешина
аз 527