Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сорбони Ҳомид хоҳиш кард, ки ҳама гуна хабарро ба ў ё ба сардори ШКД – и ноҳияи Гулобод фавран расонанд ва бо аҳли нишаст хайрухуш намуд...


Дар набарди андешаҳо, ки чун тўфон дар вуҷуди Самандар туғён намуд, симои Ширин рўйи саҳна омад. Ба ҳама пофишориҳои Шаҳло, ки Малика ё Наргисро баҳри бародар номзад намудан мехост, нигоҳ накарда, бадгўиҳои хоҳар, ки Ширинро дар чашми бародар аз шаби сиёҳ ҳам сиёҳтар намуд, туғёни қалби Самандарро дар роҳи муҳаббат паст накарду Ширинро дар қиёс аз Маликаю Наргис боло гузошта, рўйи саҳнаи зиндагӣ овард…
Самандар вохўрии ҳафтаи гузаштаро бо Ширин ва Муҳаббат дар сари чашма ба ёд оварду дилаш гум зад.
Вохўрии онрўза чунон ногаҳонӣ буд, ки на танҳо Ширин, балки худи Самандар ҳам даступо хўрд. Шояд агар Муҳаббат намешуду ўро аз роҳ бознамедошт, вохўрӣ чунин хотирмон ҳам намешуд. Ба ҳар ҳол, Муҳаббат то тавонист дили ҳардутарафро ба туғён овард ва бо сухани хуш чун боди серун алангаи оташи дили тарафайнро рўшан кард...
Дараҷаи ниҳони вохўрии онрўза аз нуқтаи назари Самандар ҳамон ҳолате буд, ки Муҳаббат ўро ба хушомад задан гунаҳкор карду Ширин дар ҳолати ногувор монда, аз шарм сар ба зер афканд. Маҳз ҳамин ҳолат ба домод имконият дод, ки арўсро аз наздик бубинад. Дар нигоҳи аввал рухсораҳои арғувонии духтар боз ҳам лолагунтар гашта, ду кулчаи ширмоли нав аз танўр гирифтаро мемонданд. Нўги кокулони аз зонувон паст фаромадааш, қади чун санавбар росташро, ки акнун аз шарму ҳаё сар ба зер афканда буд, дар чашми харидор боз ҳам зеботар намуд. Самандар он рўз аз тамошои қаду қомати мавзуни духтар як ҷаҳон ҳаловат бурд ва ба хулосае омад, ки дар интихоби гул хато накардааст…
Нохост рама аз самти пеш яку якбора рамиду сагҳо ба дифои он бархостанд. Самандар саросемавор аз ҷой бархест.
Урман аккосзанон ба ҳамон тараф давид. Чўпон дид, ки гурге гўсфандеро аз гарданаш дошта, ба самти поёни дара мебарад.
Сарчўпон низ овози сагҳоро шунида, ба тарафи рама давид.
Ба назар чунин менамуд, ки гўсфанд бо гург забон як карда, ҳамроҳаш ба пойга баромадааст. Гург аслан на парвои ҳайҳайи чўпонҳо дошту на парвои аккоси сагҳо ва сайди хешро бо як маҳорати хосе ба поёни дара, ба ҳамон самте мебурд, ки ҳафтаи гузашта марди ношиносе ҳадафи тири кадом худобехабаре гашта буд.

пешина
аз 513
навбатӣ