Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он рўз ў худро чунон зору залил ҳис кард, ки ба марги хеш розӣ шуд.
Бо кадом орзую омол ў ба назди падари Солеҳ рафт ва аз мўйсафед он қадар суханони пасту баланд шунид, ки дилаш аз ҳама монд.
– Наход одамизод ин қадар беандеша бошад? - ҳангоми бозгашт аз дил гузаронид ў. -Не, мўйсафедро дард дигар аст ва ҳама ин дарду алами ман як ҳиссачаест назди дарди ў.
Охир ў писар гум кардааст ва ин сўзро поён нест. Худо аз сўзи фарзанд ҳама бандагонашро эмин дорад…
Духтар ягона раҳоиро аз гирдоби андешаҳо дар соҳил дид ва чун ў дигар майли шино дар баҳри бекарон надошт, номи Офаридгор ба забон оварда аз ҷой бархест…


Самандари Раҳим дар лаҳзаи аввали аз милиса баромадан ба кадом тараф рафтанашро нафаҳмид. Дар се соат суҳбат худро озодтар ҳис кард, вале чун бо капитани милиса Сорбони Ҳомид рў ба рў шуд, инони ихтиёр аз даст дод… Сорбони Ҳомид рост гуфт, ки ҳодисаи дар мавзеи Хушкакдара рухдода ба болои ман ҳам соя афкандааст ва банда баҳри исботи бегуноҳии хеш мебоист бо милиса ҳамкорӣ мекардам. Магар баҳри дур афкандани соя аз болои хеш ва ҳамкорӣ бо милиса хабаркашист?
Шояд дигар кас мешуд, соате бо ман сарӣ баҳс менишаст, то ҳақиқати ҳолро бароям собит созад, вале Сорбони Ҳомид баробари шунидани суханони ман гуфт, ки дар милиса бе шумо ҳам хабаркашҳо ҳастанд ва мо ба хабаркашии шумо эҳтиёҷе надорем. Ман бо худ чӣ кардам, аслан ман некро аз бад фарқ намекунам. Агар ҳамкориро аз хабаркашӣ фарқ мекардам, ҳаргиз ба маҳбас наменишастам. Муфаттиши прокуратураи ҳарбӣ худаш ба ман гуфт, ки дар он шаби наҳс ман ба ҷуз командирамон парпоршик Ятими Тош яроқамро ба дигар кас дода наметавонистам, вале банда ду пойро дар як мўза андохта собит намудам, ки яроқамро дода бошам ҳам, танҳо ба командир не. Ман ҳатто ба бегуноҳии командир кафолат додам. Тафтишот гуноҳи дигар ҳамяроқонамро исбот карда натавонист, чунки худам садди роҳи тафтишот гаштам ва барои хунукназариам нисбат ба яроқи ба ман вобаст кардашуда се соли пурра дар маҳбас нишастам. Барои чӣ?

пешина
аз 513
навбатӣ