Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ниҳоят ҷавонзан аз роҳи калон баромада, ба тарафи рост тоб хўрд. Абдурашид низ дар масофаи муайяне ўро дунболагир шуд. Ҳарду то майдончае ҳаракат намуданд, ки зери дарахти себи хушкшуда кўдакон даву тоз доштанд.
Абдурашиди Шариф аз тарафи муқобил омадани лейтенанти калон Музаффари Сафарро дид, ки ба тарафи хонаи истиқоматии чорошёна меомад. Чун таҷрибаомўз фаҳмид, ки Музаффар объектро ба зери ҳимояи хеш гирифт, паҳлуи девори бинои муқобил худро паноҳ кард. Ниҳоят духтар дар пеши яке аз даромадгоҳҳои бинои чорошёна бозистод ва муддате чанд гирду атрофро аз назар гузаронида, лаҳзае ба бозии бачаҳо таваҷҷуҳ намуда, яку якбора вориди бино шуд.
Дар ин асно писарбачае низ аз қафои ў вориди бино шуд.
Абдурашид аз он таассуф хўрд, ки чаро Музаффар ҷавонзанро дунболагир нашуд. Лаҳзае пас ҳамон писарбача берун омада, ба тарафи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ рафт ва ба ў чизе гуфт…
– Лайлиҷонат аз хонаи рақами нуҳ ҳам калид доштааст,– ба тарафи таҷрибаомўз омада гуфт Музафари Сафар.
– Чӣ хел калид?
– Ҳамин хел калиди одӣ, ки бо он бемалол дарро кушода вориди хона шудааст.
– Ўро ҳамон писарбача дунболагирӣ намуд?
– Бале…
– Акнун чӣ бояд кард?
– Интизор шудан лозим, то бубинем корро анҷом чист.
Беҳтараш худат ҳамин ҷо ист, ман рафта аробаро ба ин ҷо меорам.
– Ба Олег Ефремович занг зада маслиҳат пурсед - чӣ?
– Майлаш, аз телефон - автомат занг мезанам. Акнун ман рафтам, - гўён лейтенанти калон Музаффари Сафар барои овардани мошини“Жигули” рафт…
Таҷрибаомўз Абдурашиди Шариф мавқеашро дигар намуда, дари баромадгоҳро ба зери назорат гирифт. Аз он чӣ ки Ковалчук нисбати шахсияти Хоҷаева таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда буд, таҷрибаомўз ба хулосае омад, ки милиса нисбат ба хонум Анваровна далелҳои боэътимоде дар даст дорад ва ин ҳама дунболагириҳо танҳо ба мақсади муайян намудани алоқаи ўст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо