Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лайлӣ дигар боре он пероҳани сиёҳро ба бар накард ва ҳоло пеши ҷевон рост дар интихоби пероҳан меистод. Ниҳоят ў даст ба қабои сиёҳ бурда, онро аз ҷевон берун овард ва қарибиҳои шом бо сару либоси сиёҳ аз хона берун шуд.
Ин дафъа пеши дари баромадгоҳ таваққуф накард ва ҳамоно аз паҳлуи девор тоб хўрда, ба тарафи гаражи паҳлуи хонааш ҳаракат карда, аз он ҷо «Мерседес 600»-ро берун оварда, бо як маҳорати хосе онро то ба роҳи калон баровард.
Сипас, дар кўчаи Фирдавсӣ онро боздошта, фаромада, ба тарафи хонаи Солеҳ Ҷалил, ки дар ошёнаи сеюм воқеъ буд, рафт. Дарро кушода, вориди хона шуд.
– Хайрият меомадед, - гуфт Даврон.
– Тайёр шав, соате пас ба роҳ мебароем.
– Бе намоянда?
– Шеф ин дафъа ҳам ба ман бовар кард…


– Аҷиб, вай зани дар либоси мотамбуда кӣ бошад? – пурсид таҷрибаомўз Абдурашиди Шариф.
– Канӣ вай, дар куҷо?
– Аз паҳлуи бино тоб хўрд.
– Дар пеши дари баромадгоҳ таваққуф намуд?
– Не.
– Набошад вай нест. Эҳтиёткорӣ кори аввалиндараҷаи Лайлӣ Анваровна аст.
– Аз рўи қаду қоматаш Лайлиҷонро мемонд.
–Лайлиҷон дар либоси мотам? Ҳеҷ боварам намеояд, – эътироз кард Музаффари Сафар.
– Бовар накунед ихтиёратон, вале ба инаш чӣ мегўед? – аз паҳлуи бино баромадани «Мерседес 600» - ро нишон дода гуфт таҷрибаомўз.
– Ё тавба худаш чӣ гап? Дар ҳақиқат ин мошини Лайлиҷон, - гўён Музаффари Сафар муҳаррикро ба кор дароварда, аз қафои он ба ҳаракат даромад.
– Шояд ба мухобира бароем?
– Лозим нест. Ҳарчанд «Жигули» – и банда дар намуд назарногир аст, вале аз «Мерседес» мо қафо намемонем.
– Рафту қафо монем - чӣ?

пешина
аз 513
навбатӣ