Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ буд?
– Охир рамзи сиёҳ нишонаи хуб нест.
– Хуб аст ё не, кори мо чӣ? Мо ҳама бозичаи дасти болоем ва ман ба худат қоил.
– Чӣ буд, чаро ба ман қоил шудӣ?
– Чун ки натарсида дар пеши ман шефро бе ақл номидӣ?
– Бубахш.
– Бо ман ҳар гуна гапро гўйӣ ҳам майлаш, вале дар назди дигарон чунин суханонро баён кардан хатарнок аст. Аслан, ман маслиҳат намедиҳам. Оё нашунидаӣ, ки мегўянд, девор муш дораду муш гўш.
– Ҳа шунидаам, ба ҳар ҳол дилам аз шумо пур.
– Дилат пуру мурда барин бе ҳаракат истодаӣ. Магар ҳамин ҳам дилпурӣ шуд? Модоме ки шефро ба беақлӣ гунаҳкор кардию аз ман натарсидӣ, пас чаро чун мард талоше ба харҷ намедиҳӣ. Гумон дорӣ ки ман давида ба шеф хабар медиҳам?
Агар шеф ҳам мебуд, ман дар ин бора ба ў забон намекушодам. Ин мардҳо чӣ тавр нофаҳманд. Ҳеҷ не ки ба мо, занҳо бовар кунанд. Шояд моро мўйдарози ақлкӯтоҳ гумон намоянд. Бо ҳама ин содагии хеш мо низ дар кори хеш устоем. Ту барин мардро то ба лаби дарё ташна бурда ташна меорем. Аҷиб, чаро Солеҳ Ҷалил чунин як рӯбоҳи тарсуро чанд сол дар зери қаноати худ гирифт? Солеҳ Ҷалил дар ин корҳо шер буд. Оё ў медониста бошад, ки ҳафт сол қабл дар он шаби 23 август наҷотдиҳандааш маро аз тарабхонаи «Авесто» рост ба меҳмонхона бароварда, бо банда ҳисобу китобашро баробар намуд. Дар ҳамон вақт ман аз болои Солеҳ Ҷалил ба ягон ҷо арз накардам ва ў чунон мазахӯрак шуд, ки ҳисобаш гум. Мегўянд, ки “бо моҳ шинӣ - моҳ шавӣ, бо дег шинӣ - сиёҳ шавӣ.” Чаро дар ин чанд соли бо Солеҳ Ҷалил ҳамкор буданат аз ў дарси муҳаббат наомўхтӣ ва мисли ў шердил нашудӣ?
Далерӣ хуб аст, вале афсўс ки он насиби ҳама нест.
Мардони далер ҳамеша таваккалро меписанданд. Бо ин тарсу чӣ гўям? Хар чӣ донад хӯрдани қанду набот, каҳдони каҳ бошаду кунҷи работ… Эҳ, Худо, чаро ба ин бандаи ҷодугарат каме далериро арзонӣ надоштаӣ? Эй ман ҳазорон бор розӣ ҳастам, ки агар ў аз ҳамон илми аз худ намудааш истифода барад. Агар ман худ талоше ба харҷ диҳам, ў аз ду сар бандаро фоҳиша мепиндорад.

пешина
аз 513
навбатӣ