Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Модоме чунин аст, ман маҷбур мешавам, ки мувофиқи ваъдаи додаам ба суҳбат нуқта гузорам.
– Фикр мекунам, ки суҳбати мо кифоя буд, он чӣ ки шумо хостед, банда бе ягон пофишорӣ шарҳу эзоҳ додам.
– Афсўс ки на ҳамаашро.
– Нафаҳмидам чиро дар назар доред?
– Пеш аз ҳама…
– Не, не, аз ин беш аз забони ман сухане нахоҳед шунид,- гуфт Хоҷаева.
– Пас мо маҷбур мешавем, ки аз дигар соҳил ба баҳр бароем.
– Гумон доред, ки…
– Ба ҳар ҳол мо ба ҳамин чиз умед мебандем.
«Чӣ бояд кард? Маълум ки бо дастоварди хеш қонеъ намешавад. Мақсад ўро тамоман дигар аст. Ҳарчӣ ҳам набошад, мехоҳад қотили Солеҳ Ҷалилро ошкор созад. Ҳамаи ин маводи мухаддир баҳри ў арзише надоштааст. Моҳии калон мехоҳад. Мақсади ў низ мисли он мўйсафеди моҳигир (ишора ба филми бадеии «Мўйсафед ва баҳр» аз рўйи асари Эрнест Хэменгуэй) моҳии калон гирифан аст. Чӣ илоҷ, модоме, ки шукри ҳаминаш накард, бигузор ҷон коҳонад. Чӣ тавр ин кинематограф бандаро ба осонӣ ба дом кашид. Акнун бигузор давоми филми таҳиянамудаи хешро бо Даврон ҳамроҳ бинад. Бубин, вай муфаттиш ҳатто номи бандаро дар ҳуҷҷатҳои тафтишотӣ сабт накардааст, ин кас бошад аз зери нохун чирк мекобад. Аз ҳама ин ҷонбозиҳо ба ў чӣ мерасида бошад», - аз дил гузаронд ҷавонзан ва гуфт:
– Ихтиёр шуморост…


Чун дар зери васигии сержанти милиса Алиев гумонбаршуда Хоҷаева аз утоқи кории Гурезов баромад, Сорбони Ҳомид мондагиро ҳис кард.
Ў ба ёд овард, ки тамоми шаб сари по рост буд ва акнун хоби субҳгоҳӣ дасти хеш болои китфаш гузоштанист. «Вақти хоб нест», - зери лаб гуфтў ва аз ҷой бархеста назди тиреза рафта, онро кушод. Шамоли серуне сару рўяш палмосида, вориди ҳуҷраи кори шуд. Шояд ҳавои гарму ғализи бино ба ҳуҷуми аввалин тоб наоварду ҷойи хеш ба шамоли хунук дод ва худ ба воситаи дари кушода ба роҳрав баромад. Сорбони Ҳомид чун муҷассама пеши тиреза рост истода, ба ситораҳои охирин дар кайҳон шинокунанда, ки торафт ҷилои хеш гум мекарданд, наззора дошт.

пешина
аз 513
навбатӣ