Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Инаш чандон муҳим нест.
– Ман ба нафаре, ки худро муаррифӣ кардан намехоҳад, майли вохўрдан надорам.
– Марҳамат, вале ин бар зарари худи шумост.
– Ман бар зарару фоидааш коре надорам ва агар шумо кию чикора буданатонро нагўед, ман гўшакро мегузорам.
– Ман ҳам мисли шумо яке аз дўстони Раънои Носирам, вазифаам хаткашон, шояд ҳаминаш барои шумо басанда бошад.
– Не, ман донистан мехоҳам, ки чӣ шуморо маҷбур сохт, пеш аз бонги хурӯс занг зада, хоби моро нороҳат созед?
– Вақту соаташ биёяд, ҳамаашро мефаҳмед. Агар мақсаду мароми маро донистан хоҳед, ҳаминро гуфтаниам, ки барои шумо номае дорам.
– Чӣ хел нома? Нома аз кӣ?
– Нома аз он дунё.
– Шаф – шаф нагуфта шафтолу гуфта мон.
– Нома аз Раънои Носир.
– Агар дўсти Раънои Носир бошед, бояд бидонед, ки ў як ҳафта боз дар қайди ҳаёт нест.
– Шумо маро нафаҳмидед.
– Ман шуморо нағз фаҳмидам.
– Ман ба шумо гуфтам, ки номаи овардаам аз он дунёст, аз ин бармеояд, ки нома ба дасти ман баъди марги Раънои Носир афтидааст ва бояд ман шуморо ба мазмуни он шинос намоям.
– Рафту ман майли ба мазмуни нома шинос шудан надошта бошам - чӣ?
– Дар он сурат ман маҷбур мешавам, ки онро ба милиса супорам.
– Хайр, супоред, ба ман чӣ?
– Нашавад, ки...
Тарзи суханронии муштарии ношинос бандаро ба андеша водор кард: охир кӣ медонад дар он нома чӣ омадааст. Рафту дар ҳақиқат Раънои Носир дар номаи пеш аз маргаш ягон сиру асрори оилаи моро ифшо сохта бошад - чӣ? Модоме ки ў тавонист қасд ба ҷони хеш намояд, чаро дигаронро ором мегузоштааст! Умуман, ҳарчанд ман дар он лаҳза андеша намудам, ба хулосае омада натавонистам. Андешаҳои ман танҳо сари як масъала давр задан гирифтанд.

пешина
аз 513
навбатӣ