Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Шахсе, ки ҳоло маро нороҳат кард, мақсади истинтоқ дорад. Агар чунин намебуд, ў метавонист бемалол фардо ҳам ба назди ман биёяд ва ё он номаи гуфтаашро ба милиса фиристад. Ман аз ҳама беш аз Шабнам метарсидам. Ҳарчанд ба покдомании ў шубҳае надоштам, вале Раънои Носир метавонист дар номаи хеш номи ўро бад намояд, чунки Шабнам ўро чашми дидан надошт. Аз ман ҳам шояд ў каме домангир буд ва ҳамааш шуда аз рўйи ҳамон «Адреналин».
– Майлаш, ман розӣ.
– Баъди ним соат шуморо дар даромадгоҳи асосии бозори «Саховат» интизор мешавам, - гўён мусоҳиби ношиносам алоқаро қатъ намуд.
Ман ҳам гўшакро ба ҷояш гузошта, даст ба тугмачаи барқӣ бурдам то чароғро хомўш намоям, ки ҳамсарам гулў рўшан кард:
– Ист!
Беихтиёр дастамро қафо кашида, ба тарафи вай нигаристам. Шабнам болои бистар нишаста буд. Ман саргарми «суҳбат» шуда, ўро ба гўшаи фаромўшӣ дода будам. Ў дар лаҳзаи аввали ба назди телефон омадани ман гўшҳояшро ҳифз намуданӣ шуда, кӯрпаро ба сараш кашида буд, акнун болои бистар менишаст.
– Хўш, чӣ гапҳои тоза?
– Як шиносам занг зада хоҳиш кард, ки дар суд ўро ҳимоя намоям.
– Пас чаро рангу рўят канд? - гуфт ҳамсарам.
– Чӣ хел рангу рўям канд?
– Ҳамин хел, одӣ. Як бор ба симои хеш дар оина нигар.
Афсўс бар он хўрдам, ки вақти ба назди телефон омадан чароғро фурўзон намудам. Ба замми ин, дар давоми «суҳбати» на чандон тўлонӣ бо муштарии ношинос чанд маротиба номи Раънои Носирро ба забон овардам.
– Шояд дар назарат намуда бошад, – баҳри аз варта баромадан посух додам ман.
– Дар назарам мегўӣ? – ниҳоят ба ҳуҷум гузашт Шабнам.
– Чӣ гўям?
– Худкардаро даво нест, чӣ ҳам мегуфтӣ? – хилъати моҳутдорашро ба китф партофта аз ҷой бархест Шабнам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор