Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чиро дар назар дорӣ?
– Ёд дорӣ, ман баъди вохўрии аввалин дар хонаи амаки Ёқуб ба ту гуфта будам, ки мўйсафед ақлашро хўрдааст?
– Ҳа.
– Ту чиҳо гуфтӣ, ба ёдат ҳаст?
– Не, аз ёдам баромадааст, - дурўғ гуфтам ман.
– Рост. Аз ёдат ҳам набаромада бошад, мефаҳмӣ, ки баҳри собит кардани гуфтаҳоят ман далел ё худ шоҳиде надорам.
– Ҳамин гапҳо чӣ лозим?
– Боз эътироз ҳам мекунӣ?
– Эътироз - ку не, вале коҳи кўҳнаро бод кардан хуб нест.
– Коҳи кўҳна мегўӣ? Агар дар вақташ ба суханони ман гўш медодӣ, пеш аз ҳама амаки Ёқубро аз марг раҳо мекардӣ.
Дидӣ, мўйсафед чӣ тавр ба доми он каждуми таги бурё афтод, вале ту ҳатто ҳақиқати ҳолро ба ў нагуфтӣ?
– Ман чӣ бояд мегуфтам?
– О, ақаллан мегуфтӣ, ки Раъно муносибаш нест.
– Гумон дорӣ, ки Ёқуб - амак инро намефаҳмид?
– Агар мефаҳмид, ҳаргиз ба чунин амал даст намезад.
Ман то кунун боварӣ надорам, ки мўйсафед бо марги худ дунёи фониро тарк карда бошад.
– Мурдан амри ҳақ аст, ақаллан чун фарди мусулмон ҳамин чизро аз хотир набарор.
– Шояд исбот намудан хоҳӣ, ки Ёқуб - амак бо марги илоҳӣ дунёи фониро тарк кард.
– Исбот чӣ лозим? Синну соли мўйсафед ба ҳафтоду ҳашт расида буд, худораҳматӣ қиблагоҳи ман дар синни ҳафтод вафот кард ё ўро низ мо куштем?
– Ман ҳаргиз чунин нагуфтам.
– Пас чӣ ҷойи шубҳа?
– То шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад.
– Беҳуда мардум аз Раъно домангир шуданд. Агар Раъно он қадар доною тавоно мешуд, ақаллан ҷони ҷавони хешро ҳифз мекард.
– Раъноро Худо зад.
– Ин хел нагўй, ў маргро танҳо набурдааст.
– Офаридгор бузург аст ва хунбаҳои амаки Ёқубро аз ҳамсараш, ки қасди ҷонаш намуда буд, ситонид.

пешина
аз 513
навбатӣ