Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мавҷи хаёлоти ман дар як мижа задан Ёқуби Соибро ба ҳамон нишастгоҳи пеши боғи «Роҳиоҳанчиён» бурд.
Мўйсафед ба асо такя намуда, ҷисми хешро болои курсии чўбини пеши боғ гирифт. Ман низ паҳлуяш нишастам.
Ӯ лаҳзае сари кадом андешаҳое ғутта зад, вале ман лаҳзаҳои сари курсии мансаб будани ўро варақгардон намудам.
Чун дафтари хотироти мўйсафед варақгардон шуду ў лаб ба сухан накушод, баҳри ба суҳбат кашидани ў ман риштаи суханро ба даст гирифта, ба тавсифи баҳор гузашта гуфтам: - Шукр, ки ба баҳори нав ҳам расидем.
Аз чӣ бошад, ки фарорасии баҳори нозанин мусоҳибамро хурсанд накард, ки гуфт:
– Ҳа, барои зиндаҳо баҳор шуд.
Мўйсафед он замон оҳи бадарде кашид ва илова кард:
“Ҳайф, ки хазони умри одамиро баҳор нест.” Дар суханони ў чӣ қадар дарду ҳасрат ниҳон буд, шояд ў худаш медонисту Худо.
Рафту агар ман намепурсидам, ки шояд мўйсафед ягон хизмат доштагист, ба гумон буд, ки он коғазпечро ҳам ба дастам диҳад.
Ба кӯтоҳназарии хеш лаънат хондам. Ёқуби Соибро пурсидам ва чун ў он коғазпеч ба дастам дод, гуфт:
–Чун марг аз гиребони ман гирифт, ҷўёи асрори ҳамин коғазпеч шав. Ба саволи банда: “- Домулло, шумо чиҳо гуфта истодаед?” - мўйсафед танҳо гуфт:
– Собирҷон, ман чӣ гуфтанамро медонам.” Баъди аз истгоҳ дур шудани автобус, ки мўйсафед дохили он буд, ман он коғазпеч бикушодам ва ампулаи 2,0 миллиграммаи холишудаи «Адреналин» - ро дидам.
“Чун марг аз гиребони ман гирифт, ҷўёи асрори он шав,” дуюмбора чун путк овози мўйсафед ба гўшам зад ва мисли он ки одам аз хоб бедор мешавад, яку якбора ҳушёр шудам.
Ба доно ишорат, ба нодон калтак. Сад афсӯс ки мўйсафед ҳамин ҳолатро ба инобат нагирифт, вагарна бояд ҳамоно маро ба ҷоям мешинонд.
Дар ҳақиқат, мўйсафед хазони умри хеш дида будааст ва сад афсӯс, ки банда бо беҳаракатии хеш ба ў дасти ёрӣ дароз карда натавонистам. Натанҳо дасти мўйсафед нагирифтам, балки дар дами марг ҳам сари болинаш нагузоштанд, ки нишинам.

пешина
аз 513
навбатӣ