Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Истгоҳи «Чойхонаи Роҳат»!-овоз омад аз баландгўяк ва мавҷи хаёлотам парешон гашт.
Лаҳзае пас ба корхона, аниқтараш ба маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ омадам. Сардори маслиҳатхона ин дафъа бандаро бо қошу қавоқи овезон қабул кард ва сабаби дер ба кор омаданамро пурсон шуд. Баҳонае пеш овардаму ҷони хеш ба осонӣ раҳо кардам. Сипас, ба утоқи кории хеш гузаштам, ки ду - се нафар ҳамкорон аз бекорӣ машғули тамошои телевизор буданд.
– Ҳа, Собирҷон, бедарак шуда рафтед, хавотир шудем,– гуфт Аббос Алиевич, ки дар синну сол аз ҳама калонтар буд.
– Каме тобам гурехт, сари қадам ба дармонгоҳи дандонпизишкӣ дармондам.
– Дарди дандон гўед?
– Оҳ, нагўед – е...
– Аз дардҳо дарди дандон аз ғамҳо ғами бохчон, - луқма партофт ҳамкорамон Парвинабону, ки аз рўйи баъзе мишмишҳо шавҳараш зани дуюм гирифта буд.
– Парвина Асоевна, ғами бохчонро - ку намедонам, вале дарди дандон ниҳоят тоқатшикан будааст, - гуфтам ман.
– Ғами бохчон аз ин ҳам бадтар аст, Собирҷон–ако, – гуфт Парвина Асоевна.
Баҳри аланга надодани дарди дили Парвина Асоевна мо ҳама муҳри хомўшӣ ба лаб, саргарми тамошои телевизор шудем.


Чунон ба назар мерасид, ки дари маслиҳатхонаи ҳуқуқиро ба рўйи корафтодагон бастаанд, ё шояд худи корафтодагон роҳи онро фаромўш кардаанд. Қошу қавоқи гирифтаи сардори маслиҳатхонаро пеши назар оварда, дилам хиҷил гашт…
Аз чӣ бошад, ки падарам ба хотирам зад. Вай марди баору номус буд ва меҳнатро ифтихору сарбаландии ҳар як инсон медонист. Ў аслан онҳоеро, ки ба равиши об бел мезаданд, чашми дидан надошт. Мегуфт, ки як бурида ноне, ки бо меҳнати ҳалол ба даст омадааст, аз як нони бо роҳи макру фиреб ба дастомада қуввати бештаре медиҳад.

пешина
аз 513
навбатӣ