Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

корро бо хубӣ ҳал кардан мумкин аст, чунки ақлу хирад дар ҳама ҳолат бояд инсонро раҳбалад бошад. Не, Воҳид Камолро ҳаргиз бо собиқ сардори ШКД Раҷаб Ёров қиёс кардан мумкин нест. Байни ин ду шахсият фарқ аз арш то фарш буд. Воҳид Камол чун роҳбар кори хеш медонад, ў ҳеҷ гоҳ дар як коллектив чун Раҷаб Ёров ҳамкоронро ба худию бегона ҷудо накардааст ва маҳз ҳамин ҳолат ўро соҳибэҳтиром намудааст. Ёр аҳл бошад кор саҳл аст, хонда буд дар куҷое ва ҳоло ки сари масъалаи марги ҷавонзан Раънои Носир баҳс мерафт, ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ анҷоми неки корро дид.
– Акбар Ҳакимович, чаро аз суҳбат дурӣ меҷўед?
– Ҳаргиз ин хел нест, рафиқ подполковник!
– Набошад, фикри шуморо оид ба корҳои ҷустуҷўи дар ин самт фаҳмидан мехоҳем. Оё мо метавонем ба анҷоми неки кор умед бандем? Шумо нағз медонед, ки рўзҳои наздик ҷамъбасти семоҳаи сеюм аст. Албатта, бо чунин як ҷинояти мудҳише, ки мо онро ҷилвагарӣ накардем, ба ҳар ҷазо арзандаем. Аммо гап дар сари ҷазо ҳам нест. Мо дар назди виҷдони хеш бояд ҷавоб гўем, зеро нони мехўрдагиамон аз ҳамин ҳисоб аст. Нонро бошад ҳалол карда хўрдан лозим, вагарна...
– Вагарна чӣ? - пурсид, Наврўз Умаров.
– Эҳ, Наврўз Умарович, Наврўз Умарович, гўё ки намедонӣ. Луқмаи ҳаром ҳамеша дар гулў дармемонад. Чунки он ҳаққи ҳалоли мо нест, балки ризқи дигарон аст. Акнун фаҳмо?
– Фаҳмо.
Абдумаҷидов дар ду сухан мусоҳибонашро бо натиҷаи ташхиси тиббӣ шинос кард.
– Доғи хун гуфтӣ?
– Ҳа, доғи хун. Чӣ хеле ки гуфтам, аз рўйи резус ва гурўҳаш нодир.
– Резуси хуни ман ҳам манфист, фақат гурўҳаш дуюм,– гуфт сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ.
– Аз рўйи резус хуни шуморо ба гурўҳи нодир ҷой додан мумкин, – гуфт Абдумаҷидов.
– Ҷой надиҳеду бинед, – ҳамон хел нимҷиддию нимшўхӣ гуфт Умаров.

пешина
аз 513
навбатӣ