Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба ҳар ҳол ёфтани доғи хуни дигар кас дар либосҳои мақтул ин танҳо ба манфиати тафтишот аст. Рафту дар ҳақиқат он доғро қотил монда бошад, ҳисоб намоед, ки мо чанд қадам ба пеш рафтем. Рафиқ майор, оё дар ҳодисаи мазкур, ки нафаре ҷони хеш аз даст додааст, пайвастагие дар муносибатҳои мақтулу қотил мебинад ё қотилро шахси транзитӣ арзёбӣ карданист? – пурсид Воҳид Камол.
– Ҳоло чизе гуфта наметавонам, вале аз рўйи ҳамин масъала нақшаву чорабиниҳои ҷустуҷўӣ тартиб доданамон лозим меояд.
– Кай он нақшаю чорабинҳоятон тайёр мешавад?
– Нақшаи мухтасар як - ду соат пас, нақшаи муфассал то фардо субҳ.
– Майлаш, то фардо субҳ бошад, то фардо субҳ, нақшаи муфассали корҳои ҷустуҷўиро фардо субҳ бе ягон ёдрасии иловагӣ ба назди ман биёред, - ба суҳбат хотима гузошт Воҳид Камол.
Абдумаҷидов ва Умаров аз ҷой бархестанд. Дар қабулгоҳ чанд нафар мунтазири ба назди сардор даромадан буданд.
Чун онҳо аз дар бурун шуданд, котиба симои хеш дар оинаи хурдакаки дастӣ назора карда, аз ҷой бархест ва дари дуқабатаи ҳуҷраи кории Воҳид Камолро кушода, аз назар пинҳон шуд. Корафтодагони дар қабулгоҳбуда чашм аз роҳи котиба намеканданд. Абдумаҷидову Умаров аз қабулгоҳ баромаданд.


Баъди тановули нисфирўзӣ Наврўз Умаров ба раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД рафт. Рўзи гузашта тариқи телефакс аз вазорат дар ин бора ба номи Воҳид Камол барқия омада буд. Абдумаҷидов то истгоҳ Наврўз Умаровро гусел карда, ба милиса баргашт. Нимаи дуюми рўз нисбат ба нимаи аввал оромтар буд. Навбатдор тариқи телефон ба куҷое гап мезад. Абдумаҷидов ба ошёнаи дуюм, ба ҳуҷраи кориаш рафт. Нисбат ба солҳои гузашта ин тирамоҳ гармтар омад ва то ҳанўз тирезачаҳоро кушода мемонанд. Абдумаҷидов вориди ҳуҷраи кориаш шуда, дарро ҳатто напўшида ба курсӣ нишаст. Аз тирезаи кушода шамоли серуне сару рўйи ўро лесида, ба тарафи дар ҳаракат дошт. Ҳаракати шамол мақоли халқии «муши беруна омада муши дарунаро ронд» - ро ба хотираш овард.

пешина
аз 513
навбатӣ