Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Шамоли аз берун дохилшуда дар як мижа задан ҳавои муътадили дохили ҳуҷраро берун баровард.
Ў аз ғалладони мизи кориаш чанд дона коғази сафед бароварда, қаламро ба даст гирифт. Солҳои дар милиса кор кардан, ҳар гоҳ ки сари муаммое майна об карданӣ шавад, ҳатман болои лисон қалам мебарад. Гўё ҳамин ҳолат фикру андешаҳои ўро сари як нуқта гирд меовард.
“Тадбир ба тақдири Худованд намонад,” - гуфтагӣ барин, новобаста аз кўшишу талошҳои қотил, ки то андозае саҳнаи худкушии Раънои Носирро тарҳрезӣ карда буд, ташхиси тиббӣ мўйро аз хамир ҷудо кард. Бо ҳама кўшишҳои хеш қотил нишонеро чун муаррифнома дар либосҳои сайдаш монд. Рафту агар ба даст афтад, ўро роҳи гурез аз ҷазо нест.
Агар корҳо омад намоянду тафтишот нақшаи дурусти амалиёти тафтишотию ҷустуҷўиро ба роҳ монад, хоҳу нохоҳ бо қотил рў ба рў мешавад. Дар он сурат, ҳарки агар доғи хунро дар пероҳани мақтул монда бошад, дигар бегуноҳии худро собит карда наметавонад. Моро танҳо як роҳ аст, - қаламро болои лисон бурда гуфт худ ба худ Абдумаҷидов, - ин ҳам бошад муайян кардани ҳолатҳое, ки аз марги Раънои Носир кӣ манфиатдор аст. Яъне, мақсади қотилро фаҳмидан нақшаи минималии кори мо мешавад ва то ҳамин тарафи масъаларо муайян накунем, умед ба ояндаи нек бастанамон хатост. Ӯ фикру андешаҳои хешро сабт намуд ва боз қаламро бозӣ доронда ба фикр фурӯ рафт.
Аз рўйи нишондоди ҳамсоя Обидаи Баҳром субҳи рўзи сешанбеи 20 сентябр писархонди Ёқуб Соиб Собири Файз ба хонаи онҳо занг зада, хоҳиш намудааст, ки агар имконият бошад, Раъноро ба назди телефон ҷеғ занад. Ба саволи Обидаи Баҳром Собири Файз посух додааст, ки таги як соат чанд маротиба ба хонаи Раънобону занг задааст ва ҳарчанд овоз меравад, касе гўшакро намебардорад.
Тамоми рўз дигар касе суроғи Раънои Носир накардааст.
Чаро Собири Файз ҳам дигар на ба хонаи Обидаи Баҳром занг зад ва на ба суроғи Раънои Носир рафт? Ин занги бармаҳалро сабаб чӣ буд? Аз ин бармеояд, ки Собири Файз яке аз шахсиятҳоест, ки баъди марги дўсти қиблагоҳаш ҳам муносибаташро бо хонадони Ёқуби Соиб накандааст. То ҷойе ки мо маълумот ба даст овардаем, новобаста аз он ки Ёқуби Соиб ўро писар ва ҳамсарашро духтар мегуфтааст, ба онҳо аз молу мулкаш чизе ба ёдгор намондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор