Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мисли он ки судя Уоргрейв1 даҳ нафар худозадаҳоро, ки хуни ноҳақ рехта буданд, ба қатл маҳкум кард.
Не, қотили Раънои Носирро ба гумон аст дар пояи судя Уоргрейв гузоштан ва агар чунин мешуд, аз он хонадон на як тан, балки ду ҷисми бо зиндагӣ падрудгуфтаро берун меоварданд. Қотиле, ки мо ҷустуҷўяш дорем, нисбат ба судя Уоргрейв маккортар аст.
Ҳарчанд ин субҳ Воҳид Камол мисли Раҷаб Ёров девонавор доду вой нагуфт, вале ўро низ фаҳмидан мумкин.
Воҳид Камол дар ҳақиқат фарди хоксор аст ва қадри сухан медонад. Эҳтироми чунин шахсро ба ҷо овардан ҳам қарз асту ҳам фарз.
Ў лаҳзае қалам болои варақ гузошт ва қомати хешро, ки таи ду соати охир сари миз чун аломати савол хам буд, рост кард ва назди тиреза рафта, синаи хешро дар муқобили ҳавои аз берун ба дохили бино ҳаракаткунанда сипар кард.
Ин субҳ Бобо Самад сари овозаҳо дар атрофи номи Раънои Носир чун мусиқии ноҷўр ва дилхарош хеле ҳарф зад.
То кадом андоза овозаҳо воқеъият доштанд, ў намефаҳмид, вале як чиз аён буд, ки то шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад.
Каломи Маликушшуаро Абуабдуллоҳи Рўдакиро ба ёдаш овард:
Исо ба раҳе дид яке мурда фитода, Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт, Гуфто, ки киро куштӣ, ки кушта шудӣ боз.
То боз кӣ ўро бикўшад, он ки туро кушт.
Майори милиса аз тиреза ба поён нигарист. Аз ошёнаи дуюм, ки ҳоло ў қарор дошт, то замин қариб шаш метр масофа буд. Мавҷи хаёлоти ў то ба ҷойи ҳодиса парвоз намуд.
Раънои Носир дар ошёнаи сеюм зиндагӣ дошт. Ҷисми беҷони ўро рўзи 21 сентябр дар ванна овехташуда ёфтанд. Дар аз дарун бо калид маҳкам. Пас роҳи фирори қотил куҷост?
Албатта, ошёнаи сеюм авҷи осмон нест, ки фаромадан ғайриимкон бошад, вале одам ҳам қобилияти парвоз надорад, ки бе мамониат ба замин фарояд. Рафту агар қотил тирезаро роҳи

1 Уоргрейв – қаҳрамони асари А.Кристи «Даҳ зангича».

пешина
аз 513
навбатӣ