Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

фирор қарор дода бошад, албатта нишонае аз худ боқӣ гузоштагист. Мисли оне ки кунда то омадани табар меосояд, ў низ то дастгир шуданаш умр ба сар мебарад.
Фикри дигаре мақоми марказиро дар катакчаҳои майна забт карданӣ шуда, дарро ягона роҳи бемамониати фирори қотил арзёбӣ намуд. Ҳамин нуқтаи назар ҳам аз мантиқ дур набуд, ба шарте, ки аз берун калиди аз қисми даруни дар мондашударо имконияти тоб додан мебуд. Абдумаҷидов афсўс бар он хўрд, ки ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ҳолати аввалаи калидро муайян накардаанд.
Занги телефон садо доду ў аз байн андешаҳо берун омада, гўшакро бардошт. Ба суханони мусоҳиби дар дигар тарафи сим буда “хуб шудааст, ҳамааш мешавад,” - гуфту гўшакро ба ҷояш гузошт.
Хоҳу нохоҳ тартиб додани нақшаи чорабиниҳои ҷустуҷўйиро то бегоҳ мавқуф гузоштан лозим буд, чунки Бобо Самад аз ў хоҳиш кард, ки илоҷе намуда бо Собири Файз худи ҳамин рўз вохўрад.
– Мумкин – мӣ?
– Марҳамат дароед, – гўён соҳиби ҳуҷра ба истиқболи марди вориди дафтари кориаш гашта аз ҷой бархест.
Нигоҳҳо дар як мижа задан ба ҳам бархўрданд. Нигоҳи шахси аз дар воридшуда чун раъду барқ ба нигоҳи сарди соҳиби ҳуҷра. Дили соҳиби ҳуҷра фишурда шуда бошад ҳам, вале ў ба истиқболи н гузошта бархест.
Охир нафаре, ки дар ин бегоҳирӯзӣ ба дари дафтари кории ў ангушт зад, на мусоҳиби телефонӣ, балки шахсе буд, ки соҳиби дафтари корӣ борҳо ӯро дар маҷлисҳои фаврии раёсати шаҳрӣ дида ва аз забони роҳбарият дар борааш суханони нек шунида буд. Дар рў ба рўйи ў марде меистод, ки чанд сол пеш дар замоне, ки полковник Амириён сарварии милисаи ноҳияи Гулистонро ба душ дошт, хоини Ватан Тешаи Сангро, ки тайи чил сол курсиҳои судӣ интизораш буданд, дастгир намуда буд. Ҳарчанд онҳо шиноси наздик набуданд, вале ҳамдигарро мешинохтанд. “Модоме ки чунин як фард ба ин ҷо қадам ранҷа намудааст, пас кушодани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор