Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Агар мефаҳмидам, ки ному насабаш таваҷҷуҳи милисаро бедор мекунад, албатта, мепурсидам, - талх карда гуфт адвокат.
– Хоҳиш мекунам, ки бе киноя гап занед.
– Бубахшед, ман каме оташин шудам.
– Оташин нашавед, сабру таҳаммул нишонаи хирадмандист ва ман ба ақли солиму хиради шумо умед мебандам. Мо бояд аз як гиребон сар бароварда қотилро ёбем, шумо бошед…
– Гуфтам - ку, бубахшед…
– Субҳи рўзи 20 сентябр дар куҷо будед?
– Ба ҷуз рўзи якшанбе дигар ҳамарўза ман дар ҳамин идора мешавам, чун коре афтид аз пайи иҷрои он ба идораи милиса, суд ва прокуратура низ меравам, то дасти нафареро, ки дар зиндагӣ роҳгум задааст бигирам.
– Он рўз сешанбе буд.
– Ба ростӣ, дар ин ҷо кор аз милиса дида бештар аст, агар имконият бошад, саволатонро аниқтар мекардед.
– Субҳи рўзи сешанбе шумо ба хонаи ҳамсояи Раънои Носир занг зада будед?...
– Шуд, шуд, акнун ба ёд овардам. Он субҳ сараввал ман ба хонаи худи Раънобону занг задам, вале ҳарчанд овози телефон бе монеа мерафт, касе гўшакро набардошт. Раъно хоҳиш карда буд, ки барояш як китоби «Таърихи Табарӣ»
дастрас намоям. Ҳарчанд ў он қадар китобхон набуд, вале хоҳиш карда буд, ки агар дар куҷое ҳамин китобро дидам, як китоб баҳраш гирифта монам ва ё ба ў занг занам. Ҳамон субҳ, вақте ки ба кор омадам, сари қадам ба мағозаи китобфурўшӣ даромадам ва ҳамон китобро дидам, нархаш бисту панҷ сомонӣ. Азбаски банда дар ҷайбам ҳамин миқдор пул надоштам, аз мудири дӯкон хоҳиш кардам, ки то бегоҳ китобро нафурўшад ва худ ба идора омада, аз телефони қабулгоҳи мудири маслиҳатхона ба он кас занг задам, чун ўро наёфтам, ба ҳамсояаш Обидабону занг задам. Лаҳзае пас Обида омада гуфт, ки калид дар сӯрохии д асту касе онро намекушояд. Ман хоҳиш кардам, ки чун Раъно пайдо шуд, ба ҷойи кори ман занг занад ва ҳатто рақами телефони идораро ба ҳамсояаш додам. Соатҳои 11 маро ба мурофиаи судӣ даъват намуданд ва дигар ба идора барнагаштам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор