Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Чун шумо худ корманди милиса будед, бояд нағз фаҳмед, ки ҳар нафаре, ки бо Раънои Носир ба таври ростхата ва ё ғайримустақим шинос аст, мо аз ў гумонбарем. Ҳарчанд сухани рост талх аст, бояд бигўям, ки бо ҳама эҳтироми хоса нисбат ба шумо доштанам, шумо низ истисно нестед.
– Ман?
– Бале, шумо!
– Оё шумо мефаҳмед, ки чиҳо гуфта истодаед?
– Ман - ку мефаҳмам, вале, ба фикрам, шумо маро фаҳмидан намехоҳед?
– Чӣ хел шуморо фаҳмам, ки маро дар чунин як ҷинояти мудҳиш гумонбар шудаед?
– Гумонбар ин ҳанўз маънои гунаҳкор буданро надорад - ку?
– Ба ростӣ, нафаҳмидам, ки бо кадом асосҳо шумо аз ман гумонбаред?
– Агар мо асос медоштем, худатон медонед, ки кор ранги дигар мегирифт.
– Пас ҳоло далел ҷустаниед?
– Бале, мо аминем, ки шумо дар ин ҷода ба тафтишот ёрӣ медиҳед.
– Мехостам, ки ба шумо ёрӣ диҳам, вале бовар намоед, худам ҳам дасткӯтоҳам, чунки дар ин бора маълумоте дар даст надорам.
– Акнун бигўед, ки бори охирин Раънои Носирро кай дидед?
– Ҳафтае пеш аз маргаш дар бинои кассаи фурўдгоҳ.
– Тасодуфан?
– Реҷаи парвози тайёраҳоро донистанам лозим буд, чунки аз Санкт – Петербург бояд ҷиянам Шамшод меомад ва банда ба истиқболаш мерафтам. Рафтаму нохост дар байни шахсоне, ки барои рейси 631 ба Москва чипта мегирифтанд, Раъноро дидам. Ҳайрон шудам, ки ў ба куҷо азми сафар дорад. Ба наздаш рафта аҳволпурсӣ намудам, гуфт, ки барои кадом як дугонааш чипта гирифтанист.
– Дугонаашро дидед?
– Не.
– Ному насаби дугонаашро ҳам напурсидед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор