Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Медонам суханатонро, балки ду маротиба такрор намудед.
– Боз чӣ мехоҳед?
– Ҳақиқатро.
– Кадом ҳақиқатро? О, ман гуфтам, ки мўйсафед дар рўйи дастони ман ҷон ба ҷонофарин супорид.
– Кӣ инро исбот мекунад?
– Магар сухани ман кам аст?
– Кам аст.
– Шахсе, ки суханони бандаро бояд тасдиқ мекард, чӣ хеле ки медонед, дар қайди ҳаёт нест.
– Агар дар қайди ҳаёт мебуд - чӣ?
– Шумо коҳи кўҳнаро бод намекардед?
– Коҳи кӯҳна ё навро бод кардан фарқе надорад.
Муҳимаш он аст, ки аз кадом намудаш манфиати бештаре ҳаст.
– Хуб, аз дурўғ гуфтан ба ман манфиате ҳаст?
– Намедонам, вале на ҳар ки сухан мегўяд, ҳақиқатро мегўяд.
– Шуморо нафаҳмидам.
– То шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад. Тасаввур намоед аксари мардум бар он ақидаанд, ки Раънои Носир ҳамсарашро заҳр дода куштааст. Ҳамин хел?
– Не, мардум бар он ақидаанд, ки Ёқуби Соиб бо марги илоҳӣ дунёи фониро тарк накардааст.
– Аз ҷойивазкунии ҷойи ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағйир намеёбад.
– Ҳақ ба ҷониби шумост, вале агар ҳамшираи шафқат мақсади нопоки хешро тавассути корд ё тир амали мекард ҳамагон дарак меёфтанд. Модоме чунин аст ва шумо ҳатто ба гуфтаҳои банда бовар накардед, пас ман донистан мехостам, ки кадом намуди «яроқ» - ро дар ҳодисаи мазкур шумо дар назар доред?
– Ҳарчанд банда то кунун ба хулосаи тиббии марги Ёқуби Соиб шинос нашудаам, вале, ба фикрам, ба ҷисми ў доруро ба воситаи сўзан гузаронидаанд.
– Ва шумо дар марги Ёқуби Соиб ба ҷуз Раънои Носир боз аз киҳо гумонбаред?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор