Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Чун Ёқуби Соиб духтари биступанҷсоларо ба қайди никоҳи расмии хеш дароварда буд ва ўро меросхўре набуд, ҳамчунин ў молу мулкашро ба ягон каси дигар васият накарда будааст, касе дар марги ў ба ҷуз завҷаи «меҳрубонаш» манфиатдор набуд. Аслан овозаҳо дар атрофи Раънои Носир аз нуқтаи назари мардум, аз ҳамин лиҳоз пайдо шудаанд.
– Пас маро низ аз марги Раънои Носир манфиате ҳаст?
– Ман ин хел нагуфтам.
– Нагуфтеду аз ман гумонбаред?
– Собир Файзович, ман бед гўям, шумо тут мегўед. Шумо худатон нағз медонед, ки ҳамаи онҳое, ки ба таври мустақим ё ғайримустақим бо Раънои Носир дар робита буданд, хоҳу нохоҳ ба доираи гумонбаршудагон меафтанд ва мо то ҷойе имкон дорем, кўшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳарчи тезтар сояро аз болои онҳое, ки бегуноҳанд, барканор намоем. Барои ҳамин як соат боз сари ин масъала баҳс дорам, вале ҳеҷ не, ки шумо маро фаҳмед. Ман ба назди шумо омадам, ки фикру ақидаи шумо пири корро гирам, вале мебинам, ки хато намудам. Дар амони Худо бошед, - гўён Абдумаҷидов аз ҷой хест.
– Истед!
Абдумаҷидов ба тарафи ў нигарист.
– Ба дил нагиред, бародар. Марги Раънои Носир чун марги худи Ёқуби Соиб барои ман гарон афтод. Шумо пеш аз он ки бандаро дар чунин ҷинояти мудҳиш гумон баред, сараввал андеша намоед, ки оё аз марги Раънои Носир барои ман манфиате ҳаст? Наход гумон созед, ки банда баъди биступанҷ соли кор дар милиса ҳамин чизи одиро нафаҳмида бошам. Бе манфиат дар шароити имрўза писар ба падар об намедиҳад, шумо бошед бе манфиат кўшторро арзёбӣ карданиед.
– Чаро шумо чун девори намкаш ҳамаро ба дил наздик мегиред? Дар таҷрибаи тафтишот бисёр ҳолатҳое ҳастанд, ки бе ягон манфиат ҳам фарзандони Одаму Ҳаво қасди ҷони дигаре мекунанд.
– Инкор намекунам.
– Модоме чунин аст, пас малоли хотиратонро сабаб чист?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор