Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сипас, боз чеҳраи ҳамон духтарро дид, ки бо матои сафеде ашки бари рухсораш пок кард. Гўё ҳамааш дар хоб буд.
– Ҳа,чӣ гап шуд? – боз шунид овозеро.
– Духтур, ин кас ба ҳуш омад. - шунид овози шиносро.
Болои сараш марди хилъати сафедпўшро дид.
– До свадьбы доживёт, - даст аз набзи ў гирифта, гуфт он мард ва ба тарафи ў дуюмбора табассуми малеҳе намуда, аз наздаш дур шуд.
– Ин кас беҳтарин ҷарроҳи беморхонаи мо Роберт Иванович Иванов, - пас аз рафтани духтур ўро муаррифӣ намуд ҳамшираи шафқат. -Ҳа, ҳа, Роберт Иванович ҷони одам, - суханашро давом дода гуфт ҳамон духтараки паричеҳра, ки дар либоси сафед фариштаро мемонд.
Хост изҳори ташаккур намояд, вале натавонист.
– Ором шав, ором шав, – гуфт ҳамшираи шафқат, - ҳамааш нағз мешавад ва гўё ўро дигар коре набуд, ки паҳлуи кати симин болои курсӣ нишаст.
Шояд аз ин муколаммаи на чандон тўлонӣ монда шуд, ки чашмонашро пўшид. Не, ў акнун баръало ҳис кард, ҳар он чӣ ки диду шунид, хоб нест. Ҳис кард, ки чӣ тавр ин духтари дар паҳлуяш нишаста, бо матои сафед ашки чашмонашро пок кард. Ҳис намуд, ки чӣ тавр он марди дароз, беҳад дарози хилъати сафедпўш даст ба набзаш бурд.
Сари субҳ ў дар автобус нишаст. Дар истгоҳи рў ба рўи варзишгоҳи марказӣ аз дари пеш фаромад. Хост ба тарафи муқобили кўча гузашта, ба автобуси дигар, ки ба истгоҳ наздик мешуд, нишинад. Ҳамагӣ чанд қадам гузошту дунё дар назараш торик шуд. Не, ў дар лаҳзаи аввал садои гўшкаркунандаи чизеро низ шунид. Баъд чӣ шуду чӣ не, дар ёдаш нест.
– Исто, ки ман ба куҷое шитоб доштам. Ба куҷо?
...
“Ҳа, дарвоқеъ, ман ба куҷое шитоб доштам,” - аз дил гузаронд ў ва боз чашмонашро пўшид. Боз ҳамон муҳити пештараро дид. Он духтари паричеҳра ҳамоно болои сараш рост шуда, ба чашмонаш нигарист. Об гуфт, вале худаш садояшро нашунид. Духтарак бо матои намноке лабони хушку парсингбастаашро пок кард.

пешина
аз 513
навбатӣ