Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Шумо ақаллан бояд андеша мекардед, ки ман беҳтарин давраи ҳаётамро қурбони мубориза алайҳи ҷинояткорӣ намудаам.
– Дар назди қонун ҳама баробаранд ва, ба гумонам, имтиёзе барои касе нест.
– Ман ҷўёи имтиёзе ҳам нестам.
– Аз бўйи сирпиёз танҳо он касе метарсад, ки онро истеъмол намудааст.
– Тарзе гап мезанед, ки гўйё Раънои Носирро ман кушта бошам.
– Шумо ба рафтори худ маро ба чунин хулосабарорӣ маҷбур карда истодаед. Шояд, имрўз ҳардуи мо бо дасти чап аз хоб хестем ва аз ҳамин рў ҳамдигарро фаҳмидан наметавонем. Беҳтар мешуд, ки ба ин муколаммаи бе натиҷа нуқта мегузоштем.
– Навсегда.
– Нет до поры, и до времени.
– Зинда бошем, мебинем, ки милиса қобилияти кушодани ин муамморо дорад ё не?
– Вақт довари ҳақиқӣ аст, чун вақту соаташ ояд, муаммо худ ба худ ҳал мешавад, - гуфт Абдумаҷидов ва ба пасаш нигоҳ накарда аз дар баромад…
Ў чашм кушода ба атроф назар кард: шафти болои хона, деворҳои тарафи рост ва чапи он, ҳамчунин он девори рў ба рўяш, ки нигоҳаш ба ҳамон сўй дўхта шуда буд, барояш ношинос намуданд. Хост дасту по ёзонад, вале натавонист.
Духтари хилъати сафедпўше аз куҷое пайдо шуда болои сараш рост шуд.
– Худованд умри дубораат ато намуд, – гуфт ў ва аз наздаш дур шуд. Сипас дар кушода шуда, овози он духтари паричеҳра баландтар садо дод.
– Духтур!
Хост бипурсад, ки ба ў чӣ шудааст, чаро даступояшро ҷунбонидан наметавонад, вале овозаш набаромад. Худоё, худаш чӣ гап? – аз дил гузаронд ў ва беихтиёр қатраҳои ашк дар бари рухсораш ҷорӣ шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор