Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сари субҳ Салим ба ҳамсараш хабар медиҳад, ки ду - се рӯза ба сафари хизматӣ меравад.
Шаб вақте ки ба хона омада дарро мекушояд, завҷаи меҳрубони хешро, ки аз нўги забонаш дар бораи муҳаббат шакар мерехт, бо тани урён дар оғўши марди дигаре мебинад.
Чун Раъноро ҳамсараш аз хона ронд, ў роҳи деҳаро баҳри хеш баста дид. Ба деҳа барнагаштани Раъноро шояд сабаби дигар ҳам буд, чунки ў дар ятимхона калон шуда буд.
Ҳангоми чорсола буданаш ўро Аҳрори Носир ном марди кўҳистоние, ки фарзанд надошт, ба фарзандӣ қабул кард.
Албатта, деҳа шаҳр нест ва вақте ки Раъно ба балоғат расид, кадом бадбине ин «хушхабарро» ба гўши ў расонид. Сипас Раъно аз забони волидайн, ки баҳри тарбияи ў заҳмати зиёде кашида буданд, тасдиқи фикри хабаркашро шунид.
Ба ҳар ҳол Аҳрори Носир ва ҳамсараш Зебо духтархондашро бо иззату икром ба Салими Нодир ном ҳамдеҳаашон, ки аз худаш ҳамагӣ ду сол калон буд, ба шавҳар доданд.
Рост гуфтанд, ки «сағира ба мақсад мерасаду сағирапарвар не» ва баъди «корнамоиҳои» хеш Раъно волидайнашро ба гўшаи фаромўшӣ дода, дар яке аз беморхонаҳои шаҳрӣ ба ҳайси ҳамшираи шафқат ба кор даромада, се сол пеш дар синни биступанҷсолагӣ бо марди ҳафтоду шашсолае, ки меросхўре надоштааст, издивоҷи расмӣ намудааст.
– Эҳ, Раъно, Раъно, – гуфт ў, вале худаш овозашро нашунид. Ҳамшираи шафқат ҳамоно аз ҷой бархеста берун рафта, ин хабарро ба гўши Роберт Иванович расонид.
– Як калима ҳанўз маънии муайян кардани шахсияти беморро, ки дар ҷайбаш ягон ҳуҷҷат нест, надорад. Охир Раъно ниҳоят номи маъмул аст, мисли номи Саша ё Шураи мо русҳо, - гуфт Иванов ва амр кард, ки ҳамшираи шафқат аз назди бемор лаҳзае дур нашавад.
– Духтар боз ба ҷояш гашта омад. Боз ў лабони парсингбаста ва хушкшудаи беморро бо латтаи тар тоза намуда, курсиро каме пештар гузошта, дар рў ба рўяш нишаст.
Садои чархҳои мошин дар гўшаш садо доданд. Аҷиб, ки дар ин субҳи солеҳон ронандаи он мошини хурдакак ба куҷо шитоб дошт. Чаро ў фикри мардуми раҳгузарро накард?

пешина
аз 513
навбатӣ