Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў дар лаҳзаи охир симои он ронандаро, ки сабабгори ба ин ҷо афтиданаш шуд, дид.
–Ронанда аз ман дида бештар тарсид, гўё хун дар рўяш намонда буд, – гуфт худ ба худ. -Чаро ягон кас ба аёдати ман намеояд, ё омаданду духтур онҳоро ба назди ман даромадан намемонад?
Боз чизеро ба ёд оварданӣ шуд, вале натавонист. Болои сараш чароғҳои фурўзони ҳаракаткунанда ва чанд симои сафедпўшонро дид.
– Дилаш бақувват будааст, - ба ёд овард суханони кадоме аз онҳоро.
Сипас, дар пеши биниаш чизеро гирифтанд ва баъди як– ду нафас гирифтан ҳамаро ба гўшаи фаромўшӣ дод.
Ў боз чашм ба тарафи духтари хилъати сафедпўш дўхт.
Духтар ҳам аз ў чашм намеканд. Чӣ хел духтари зебо, мисли ҷавониҳои Раъно, не Раъно ниҳоят зебо буд, шояд дар дунё зане мисли ў чунин паричеҳра таваллуд нашуда бошад? Аммо бо ҳама ҳусну ҷамоли худодод Раъно хушбахт нашуд, ки нашуд ва аз нутфаи кӣ буданашро ҳам нафаҳмид. Дар қиёмат низ ўро касе шафоат нахоҳад кард. Буд, нест. Тамом, вассалом...


– Шумо ба назди кӣ? – пурсид холаи дарбон, ки хилъати сафед ба бар карда буд.
– Ман, ман намедонам.
– Чӣ хел намедонед? Пас ман чӣ кунам? Ин ҷо бозор не, ки ҳама ба мақсаду бемақсад даромадан гиранд.
– Сари субҳ ҷавонеро, ки дучори садамаи нақлиётӣ шуда буд, ба ин ҷо оварданд.
– Ҳамоне, ки ба таги мошин афтида буд?
– Ҳа, худи худаш. Гўед, ки аҳволаш чӣ хел?
– Ҳоло ҳам ба ҳуш наомадааст. Исто, ки шумо ба вай кӣ мешавед?
– Шиносаш.
– Ман ҳозир,– гўён холаи дарбон он мардро ба ҳоли худ гузошта вориди ҳуҷрае шуда, лаҳзае пас баргашта гуфт:
– Ҳоло ба назди он кас даромадан мумкин нест. Баъди даҳ дақиқа духтури муолиҷавиаш ба ин ҷо меояд. Ӯ ҳамаашро ба шумо гуфта медиҳад.

пешина
аз 513
навбатӣ