Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Худат дар ин бора чӣ фикр дорӣ?
– Шояд касе буд, шўхӣ кард.
– Эй шўхияш аз сараш монад!
Ман зери лаб омин гуфтам, вале ҳамоно нидои қалбамро «бо дуои кӯрмуш намеборад» - ро ба ёд оварда, дилам хиҷил гашт.
– Ҳеҷ гуфтагиҳоят ба асли воқеа пайваст намешаванд.
– Чиро дар назар дорӣ?
– Гуфтам - ку, сари субҳ баъди он занги телефони зормонда рангу рўят кандагӣ буд, боз мегўӣ, ки шахси зангзананда шўхӣ кард.
– Ман гуфтам, ки шояд шўхӣ карда бошад, шояд, мефаҳмӣ?
– Ту гуфтӣ, ё ман гуфтам, ин ҳалли муаммо нест.
– Росташро гўй ту аз ман чӣ мехоҳӣ?
– Сухани ростро. Мехоҳам ту росташро ба ман гўйӣ, ки он занги телефониро сабаб чӣ буд?
– Охир ман ҳамаашро гуфтам – ку ва боз такрор мекунам, ки зангзананда хоҳиш кард, ки ман ўро дар суд ҳимоя намоям ва барои маслиҳат ба назди ў шитофтам, вале ў наомад.
– Ва ўро то соати даҳ интизор шудӣ?
– Кӣ гуфт?
– Ман мегўям.
– Ту чӣ аз қафои ман мепоӣ?
– Ҳаминаш намерасид. Дар бисту панҷ соли зиндагӣ туро напоистам ва акнун мепоям.
– Пас ҳама ин суханони сермурчу қаламфурат аз куҷо?
-Соати 9.45 дақиқа ман ба ҷойи корат занг задам, гуфтанд аз сари субҳ ба кор набаромадаӣ.
Ба ёд овардам, ки чӣ тавр сардорамон ин субҳ барои аз кор дер монданам маро танбеҳ дод. Хайрият, дарди дандонро баҳона кардаму аз пурсишҳои бесару нўг халос шудам.
Маълум мешавад, ки ин ҳамаро завҷаи меҳрубонам сари по хезонида будааст.
– Ман аминам, ки ҳамаи ин бедорхобию ҷонкоҳонии ту аз норизогии руҳи амаки Ёқуб аст. Ў моро фарзанд хонд, вале мо фарзанде нашудем, ки рўйи ў аз хок бардорем. Як фоҳишаеро, ки дар марги мўйсафед даст дошт ва ман ба ин боварӣ дорам, ба ҷояш шинонда натавонистам. Хунбаҳои мўйсафедро аз он каждуми таги бурё Оллоҳ таоло гирифт.

пешина
аз 513
навбатӣ