Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Сабаб? - савол дод ба худ?
Не, ў ба саволи хеш ҷавоб наёфт. Рафтори худи Собири Файз баҳри ў муаммо буд, муаммое, ки ҳалли хешро мехост.
Қарибиҳои шом ў ба хона омада, ҳамсарро бо рангу рўйи канда дида пурсид:
– Тинҷӣ – мӣ?
...
– Гап зан охир чӣ шуд?
– Ба ҳамааш ман гунаҳкор.
– Гунаҳкори чӣ? Ту чиҳо гуфта истодаӣ?
– Аслан ман ба таваллуди Абдумаҷид розӣ набудам, вале... ў боз чизе гуфтан мехост, вале гиря гулўгираш кард.
– Чӣ ақлатро хўрдӣ магар. Гап зан, боз чӣ шуд?
– Абдумаҷид, Абдумаҷиди дастрўяки мо мубталои гемофилия1 шудагӣ.
– Хайр ҳеҷ гап не, табобат мекунем.
– Бадии кор дар ҳамин, ки ин касалӣ ирсист, мефаҳмӣ бемории табобатнашаванда ва аз рўйи гуфти духтур сабабгори асосии он ман будаам, – гўён ин дафъа Наташа лаҷоми гиряро сар дод.
– Гемофилия, гемофилия, аҷиб, ин чӣ касал бошад? Шаби гузашта Абдумаҷидро, ки акнун нуҳмоҳа шудааст хоб набурд.
Чун ўро муоина кардем, дар танаш доғҳои сиёҳи чун донаи зардолуро дидем. Ду моҳ пештар низ чунин доғ дар зонуяш пайдо шуда буд, вале гузашт ва акнун айнан чунин доғ дар оринҷи дасти чапаш пайдо шуда буд. Фикр кардем, ки мегузарад. Маълум, ки сари субҳ модараш Абдумаҷидро ба дармонгоҳ бурдааст.
Ман дигар маҷоли пурсишро ҳам аз даст додам. Аз суханони ҳамсар ҳамин қадар фаҳмидам, ки Абдумаҷиди дўстрўякро дар зиндагӣ чӣ қадар дарду ранҷ дар пеш аст.
-Чӣ илоҷ мо ҳама назди тақдири Худованд оҷизем ва ба ҳама баду некаш шукрона бояд кард, - ниҳоят овоз рушан карда гуфтам ман.
1 Гемофилия -касали ирсии хун, ки аз норасоии факторҳои (FVIII – FIX) дараҷаи лахташавии он паст аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор