Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Воҳид Камол аз ҳамон мактаби Королёв – Леонов сабақ гирифта буд ва интизоми меҳнатро низоми асосии кор меҳисобид. Дар давоми ду соли кори хеш дар ШКД – и ноҳияи Гулистон ў аз зердастон ҳамеша инт мекард ва намегузошт касе бе асос супоришҳои ба зимма гирифтаашро бо каме дермонӣ ба наздаш биёрад. “Акбар Ҳакимович қадри вақт медонад,” - аз дил гузаронд Воҳид Камол ва гуфт:
-Марҳамат гузашта шинед!
– Хуш, корҳо чӣ хел? - коғазҳои болои мизро ба тартиб оварда, ба як гўшаи он гузошта пурсид Воҳид Камол.
– Бад не.
-Марҳамат гап зан, магар ягон умед ҳаст?
Ман коғазҳоро, ки дар гўшаи рости он баҳри тасдиқи сардори ШКД ҷо гузошта будам бо ному насаби «исёнгарон»

  • и дар озмун ғолиб омада аз ҷузвдон бароварда болои мизи кории эшон гузоштам.
    Воҳид Камол аз гўшаи чапи мизи кориаш айнакашро гирифт ва чун чашмонашро бо “яроқ” муҷаҳҳаз кард, ба коғазҳои овардаи ман чашм дӯхт.
    – Бисёр хуб. Назарияҳои конкретӣ ва ҳар яки онҳо ҷавоби дақиқ мехоҳад, ҳамин хел не?
    – Ҳамин хел.
    – Дар ин ҷо, – Воҳид Камол ба тарафи коғазҳо ишора карда, – овардед, ки решаи ин ҷиноятро аз замони маликаи хонадони Ёқуби Соиб гардиданаш ҷустан лозим. Чиро дар назар доред?
    – Ҳарчанд мо то дирўз дар он ақида будем, ки Раънои Носир ба худкушӣ даст задаст, вале то андозае сари баъзе овозаҳо кор кардем. Ман гуфтанӣ нестам, ки мо пурра ба овозаҳо бовар кардем, вале овоза ҳам бе асос пайдо намешавад. Чӣ хеле ки мегўянд, яке аз сабабҳои ҷунбидани шохи дарахт ин шамол аст. Ҳодисаи мазкур низ аз ҷое сарчашма мегирад, ки Раънои Носир аз шавҳараш Салими Нодир, ки аз худаш ҳамагӣ ду сол калонтар будааст, ҷудо шудааст.
    – Ҷудо шудааст ё ӯро шавҳараш пеш кардааст?
    – Дурусттараш шавҳараш ўро барои хиёнаташ пеш кардааст.
пешина
аз 513
навбатӣ