Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Хабари тоза ба гумон, вале мусиқии тозаро ёфтан мумкин, – гўён ронанда тугмачаи радиои дохили мошинро пахш кард.
Садои форами мусиқӣ дар муҳити кўчаки мошин, ки дар маҷрои нақлиёти шаҳрӣ чун мурчае дар байни селаи мурчагон ҳаракат дошт, танинандоз гашт ва ниҳоят духтараке бо лаҳни ниҳоят ширин овоз рӯшан кард:
Меҳри ту зи сина рафтанӣ нест, Бе ёди ту дида хуфтанӣ нест.
Ҳоле, ки маро бувад зи ишқат, Донистани ҳасту гуфтанӣ нест.
Ҳ...е..й..
Бигазашт, баҳору во нашуд гул, Ин ғунча магар шукуфтанӣ нест?...
Овози ҳофиза он қадар ҷаззобу дилнишин буд, ки ҳангоми дар чорраҳа истодани мошин мусофире аз мошини дар паҳлуи онҳо қарор гирифта аз ронанда хоҳиш кард, ки каме ҳам бошад, садои радиоро баландтар намояд.
Боз чароғаки сабз онҳоро ба давом додани роҳ ҳидоят намуд ва он мухлис аз онҳо ҷудо шуд.
Аз шунидани суруд табъи прокурор низ хуш гардид.
Чанд соати дар прокуратураи шаҳрӣ буданаш роҳбарият дар бораи ғайриимкон будани муҳаббати ҷавонзани биступанҷсола ва марди ҳафтодушашсола ҳарф заданду ҳарф. Онҳо аслан дар ҳамин ақида буданд, ки марги Раънои Носир аз замони ишқварзиаш бо мўйсафеди ҳафтодушашсола Ёқуби Соиб реша мегирад.
Дирўз ў ҳамин фикрро тариқи телефон бо муовини прокурори шаҳр Камолов баён сохт. Имрўз бошад, худи ўро ба прокуратураи шаҳрӣ даъват намуда, гўшрас карданд, ки решаи ҷиноятро аз куҷо ҷустан лозим? Бубин, чӣ тавр афлотунҳои навбаромад маро бо ман шинос намуданд. Дар асл ин фикр моли ман ҳам набуд. Ин моли муфаттиш Бобо Самад буд, банда онро ба Камолов гуфтам, Камолов ба шеф, шеф бошад, аз номи худ онро аз нав дар ҳузури муовинаш ба гўши ман расонд. Аз мост, ки бар мост?
Мошин пеши прокуратураи Гулистон истод. Замиров аз он берун шуда, лаҳзае пас вориди бино гардид. Ба дари муфаттиш ангушт зада, Бобо Самадро, ки саргарми кор буд, ба наздаш хонд ва худ ба дафтари кориаш рафта, коғазҳои дар дохили ҷузвдони чарминаш гирифта, болои мизи кориаш гузошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор