Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун ҳама фирефтаи ғалаба шуда, то нисфи шаб базм ороста, рақсу бозӣ карданд, сари субҳ дар хоб монданд ва аз садои тиру тӯп бедор шуда, чӣ кор карданашонро надонистанд. Исёнгарон дар муҳлати на чандон тўлонӣ мавқеи хешро дар қисми шарқии фронт мустаҳкам намуда, армияи ғолибро фарсахҳо ба қафо партофтанд.
Сардори дастаи исёнгар бандаро ба ҳузури хеш хонд ва барои дар муҳорибаҳо бетарафӣ зоҳир намуданам гўшмол дод. Чун ман умедамро аз лашкари худӣ, ки қариб бе задухўрд аз хунукназарӣ мавқеи ишғолнамудаашро аз даст дода буд, кандам, маҷбур шудам фикри «исёнгарон»-ро, ки аллакай шабакаҳои радиои хариҷӣ онҳоро «террорист»-у «экстремист» эълом дошт, ба инобат гирам.
Ба ақидаи исёнгарон, банда ду сол пештар субҳи рўзи 14 феврал ба хатои ҷиддӣ роҳ додам. Чунин хато аслан аз дилсўзию ҳамфикрии ман нисбат ба қотил (Раънои Носир дар назар аст) арзёбӣ шуд.
– Оё шумо ҳамин гуноҳи хешро ба гардан мегиред? – пурсид сарлашкар.
Ман чӣ гуфтанамро надонистам ва ин қаҳру ғазаби сарлашкарро зиёдтар намуд, ки ба сарам дод зада гуфт:
“Рафту агар гуноҳи содирнамудаи хешро ба зимма нагирӣ, худи ҳозир онҳо гуноҳатро дайн намуда, туро ба зиндон мепартоянд.” Ба ростӣ, аз шунидани номи зиндон фишори хунам баланд шуд. Ман, ки аллакай кӣ будани исёнгарони аҷнабиро дарк намуда будам, фаҳмидам, ки шўхӣ бо онҳо бо думи гови маст бозӣ кардан аст.
– Дар давоми шаби 13 ба 14 феврал банда на якто, балки ду хатои ҷиддӣ содир намудам, - гуфтам ман.
– Инашро мо медонем, - гуфт оне ки аз паҳлуи рости сарлашкар меистод.
“Аз куҷо медониста бошад?” - аз дил гузарондам ман, вале овози шиносе водорам сохт, ки дурусттар ба ў зеҳн монам. О, ин ҳамон муовини сардори дивизияи шашум оид ба ақибгоҳ - ку. Ў дар ин ҷо чӣ меҷуста бошад? Маълум ки ба тарафи душман гузаштааст. “О, хоине,” - гуфтам ман, вале ҳамоно касе мушти обдоре ба баногўшам зад.

пешина
аз 513
навбатӣ